Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон кард, ки як ширкати чинӣ омодааст дар Тоҷикистон нерӯгоҳи офтобӣ бисозад.
Тавре ин ин ниҳод хабар медиҳад, 21-уми октябри соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо раиси Шурои директорони ширкати «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» У Лэй мулоқот карда ва дар ин хусус гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия гуфтугӯ карданд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар таъкид мекунад, ки дар ин мулоқот ҷониби ширкати чинӣ “барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, хатҳои интиқоли баландшиддат, неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз партовҳои маишӣ, инчунин таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикӣ” мувофиқат кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2024 Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо ширкати чинии “Eging PV Technology Co., LTD” дар мавриди сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида буд. Он замон ин ниҳод гуфта буд, ки маблағи умумии лоиҳа бо пардохт дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо дар қадами аввал мувофиқи тавофуқномаи тарафайн, дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” зеристгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ва бо маблағи 150 миллион доллар сохта мешавад. Вале то ҳол аз татбиқи ин лоиҳа хабаре нест.
Кишвари Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ бо сармоягузории давлати Чин фаъолият мекунанд, ки баъзе онҳо ба кандани конҳо ва маъданҳои гаронбаҳои зеризаминӣ машғуланд.
Гуфта мешавад, Чин аз соли 2009 то ин дам дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ва қарзи хориҷии Тоҷикистон танҳо аз Чин беш аз 3 миллиард доллар гуфта мешавад, ки тибқи оморҳо, 52% қарзҳои хориҷии кишварро дар бар мегирад.
