33.9 C
Dushanbe

Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли омодабошанд

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу мегӯяд, пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор додаанд.

Дар ин бора Сергей Шойгу рӯзи чоршанбе дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) хабар дод.

Вай дар ин нишаст афзуд, ки дар пасманзари авзои ноамн дар Афғонистон, Русия омодагии ҷангии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва “нирӯҳои дигар барои вокуниш ба вазъҳои эҳтимолии буҳрониро” афзоиш медиҳад.

Шойгу ҳушдор дод, ки дар Афғонистон созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва “Ал-Қоида” фаъолтар мешаванд. Ва аз ин рӯ, вазъияти ин кишвар “ҳамчун як чолиши ҷиддӣ ва таҳдиди амниятӣ дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад”.

Ба гуфтаи вазир, фаъол шудани созмонҳои террористӣ дар Афғонистон сабаб шуда, ки Русия пойгоҳҳои низоми худро дар Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳолатҳои буҳронӣ дар ҳоли омодабошии ҷангӣ қарор додааст.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маъруф ба номи 201-ум дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Теъдоди низомиёни рус дар ин пойгоҳ ҳудуди 7500 сарбоз гуфта мешавад. Ин пойгоҳи низомӣ тибқи шартномаи байни Русия ва Тоҷикистон то соли 2042 бидуни пардохти пули иҷора боқӣ хоҳад монд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.