32.9 C
Dushanbe

Шоҳида Маҳмадҷонова барои ду шарҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов имрӯз, 7-уми апрел бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ, ки субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 дар Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии пойтахт баргузор шуд, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки ба хонум Шоҳида Маҳмадҷонова 7 сол ҳумки зиндон содир кунад.

Намояндаи додситонӣ Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор кардааст, ки ду маротиба дар шабакаи иҷтимоии Ютуб зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” зидди сохторҳои ҳукуматӣ шарҳ навиштааст. Дар ҳоле ин модари тоҷик ба навиштани шарҳ зери навори писараш айбдор мешавад, ки пештар ӯро дар ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда буданд.

Хонум Маҳмадҷонова низ дар рафти ин мурофиа он ду шарҳро моли худ дониста, гуфтааст, ки “худро гунаҳкор меҳисобад ва аз кардааш пушаймон аст”. Аммо мардум бар ин боваранд, ки хонум Шоҳида Маҳмадҷонова ин эътирофро зери фишор ба дӯш гирифтааст.

Вакили дифои хонум Маҳмадҷонова аз додгоҳ хостааст, ки бинобар эътироф кардани зерҳимояш ба гуноҳи худ барои ӯ “ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.” Аммо ба назар мерасад, ки дархости вакили дифоъ нодида гирифта шуда, ин модари тоҷик ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд аз замони боздошт боре ҳам ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.