Кормандони идораи барқи ноҳияи Восеъ сими барқи хонаи Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоевро буриданд.
Ойиша Мирзоева дар суҳбат бо Радио Озодӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди қарздор набудан се корманди идораи барқи ноҳияи Восеъ ба манзили ӯ дар деҳаи Кадучӣ рафта, сими барқи ҳавлияшро буриданд.
Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода гуфтааст, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.
Баъд аз ин хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ба идораи амният рафтааст, аммо кормандони ин ниҳод гуфтаанд, ки “хабар надорем, дақиқ карда, занг мезанем”.
Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳои охир ин шикояти дувуми наздикони мухолифон дар бораи буридани барқи хонаҳояшон аст.
Пештар аз ин кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.
Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.“
То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.
Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.
Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.
Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.