20.9 C
Dushanbe

Ситоиши “Washington Post” аз Толибон

Рӯзномаи машҳури Амрико “Washington Post” бо нашри як гузориши муфассал дар бораи Афғонистон аз Толибон дар Кобул ситоиш кардааст.

Акс аз Washingtonpos

Бар асоси ин гузориши рӯзномаи “Washington Post”  Толибон бо камтарин имконоти молӣ дар камтар аз якуним сиол симои шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро тағйир доданд.

Дар ин гузориш гуфта шуда, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Кобул 180 прӯжаи мавриди иҷро дорад ва новобаста аз вазъи бади иқтисодии ин кишвар барномаҳои худро, ки 90 миллион доллар ҳазина доранд, амалӣ карда истодааст.

Инчунин дар гузориш таъкид мешавад, ки дар замони ҳукуматҳои пешини Афғонистон, баъзе “ҷангсолорон” бархе хиёбонҳо ва пиёдагардҳоро масдуд карда, гашту гузори сокинон ва меҳмонон дар пойтахтро душвор карда буданд, аммо Толибон ин ҳамаро ғасби моликияти ғайр дониста, биноҳои худсохти онҳоро ба замин яксон карда, роҳҳоро аз нав бозсозӣ ва дар истифодаи мардум қарор додаанд.

Ин гузориш ба нақл аз яке масъулини шаҳрдории Кобул меафзояд: “Мо мехоҳем мушкилоти худро худамон ҳал кунем ва мехоҳем шаҳрро зебо кунем. Мо намехоҳем, ки одамон фикр кунанд, ки Кобул ҳоло хароб шудааст ва мо ба фарҳанг аҳамият намедиҳем.”

Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2021 Толибон дубора дар Кобул қудратро ба даст гирифтанд ва бо гузашти наздик ба якуним сол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст, вале тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии худро бо ин кишвар ҳифз кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мухолифи тоҷик аз Аврупо ба Кобул сафар кард

Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт.

Эмомалӣ дар мулоқот бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҳуқуқи инсон гуфт

Рузӣ 29-уми апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомали...

Дар Хатлон ба хотири “вазни зиёд” кормандро аз кор ронданд 

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон як корманди ин ниҳодро ба хотири вазни зиёд доштан аз кор ронданд. 

Симхоркашӣ.Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон ҳисор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.