14.9 C
Dushanbe

СММ ба Тоҷикистон: Мақсуд Иброҳимовро озод кунед!

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро фавран озод ва барояш ҷуброни молӣ пардозад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба содир кардани чанд ҷинояти вазнин гунаҳкор донистаанд. Ҳамсараш 30-юми июн гуфт, Иброҳимовро дар чаҳор моҳ як бор мебинанд.

«Дар шароити фарогирии пандемияи COVID-19 ва таҳдидҳои ношӣ аз он дар муассисаҳои ислоҳӣ гурӯҳи корӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунад, ки ҷиҳати озодии Мақсуд Иброҳим тадобири фаврӣ биандешад”,- омадаааст дар номаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ  .

Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро масъули амалкардҳои ғайриқонунӣ нисбат ба Мақсуд Иброҳимов номидаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки ҳуқуқи поймолшудаи Иброҳимови 43-сола пурра барқарор карда шавад.

Мақсуд Иброҳимов 24-уми июни соли 2015 бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба “як қатор ҷиноят”, аз ҷумла “даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ташкили созмони ҷиноӣ” гунаҳкор дониста шуд.  

Хулосаҳои аъзои Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона дар бораи Мақсуд Иброҳимов рӯзи 5-уми июн нашр шуд ва мақомоти Тоҷикистону Русия посухҳои охирини худро ба ин гурӯҳ моҳи апрели имсол фиристодаанд. Дар поёни таҳқиқи нимсолаи қазияи Мақсуд Иброҳимов, гурӯҳ ба хулосае омадааст, ки ин зодаи шаҳри Душанбе сирф барои фаъолиятҳои сиёсиаш муҷозот шудааст.

Дар талаби ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон омадааст, “Иброҳимов бояд билофосила аз зиндон озод шавад”, “ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия бояд мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ ҷуброни ҳабс, боздошти махфӣ ва ихроҷи ӯро пардохт кунанд” ва ҳукумати Русия “таҳқиқи ин қазияро ба роҳ монда, тамоми шахсони масъул дар қазияи Иброҳимовро ба ҷавобгарӣ бикашад”.

“Гурӯҳи корӣ мушаххас намуд, ки ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи Иброҳимов дар таърихи 20-уми январи соли 2015 масъулияти муштарак доранд ва ҳукумати Тоҷикистон дар боздошти худсаронаи Иброҳимов дар он рӯз масъулият дорад”, –омадааст дар хулосаҳои кори ин гурӯҳ.

Мақсуд Иброҳимов то замони боздошту маҳкумияташ миёни фаъолони тоҷик дар Русия ба унвони як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ва муассиси созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд. Дафъатан баъди рад шудани сабтиноми созмонаш аз ҷониби Вазорати адлияи Русия тирамоҳи соли 2014 дар Тоҷикистон ҳам созмонаш мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шуд.  Мақсуд Иброҳимов дар зиндони низомаш сангини шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Фаъолони ҳуқуқи башар соли 2019 гуфтанд, аз соли 2005 то соли гузашта 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Ба камияш нӯҳ ҳодиса дар чаҳор соли охир сабт шудааст. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башар оид ба боздоштҳои худсарона дар поёни гузоришаш аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия тақозо кардааст, ки дар давоми шаш моҳи наздик дар бораи иҷро шудани ин тақозоҳо гузориш диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.