26.9 C
Dushanbe

Содир Ҷабборов: Бо Тоҷикистон созиш кардем

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз созиши Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз хабар дод.

Ӯ 26-уми ноябр дар Бишкек дар анҷумани миллии кишвараш гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марз ба созиши пешакӣ расиданд.

Содир Ҷабборов таъкид кард, ки дар ҷараёни сафари ҳайати Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Бишкек расанд, асноди лозимии марзӣ ба имзо хоҳад расид.

Аз ин пештар ҳам Содир Ҷабборов ва ҳам Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар ин бора ба расонаҳо гуфта буданд.

Аммо моқомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид ба расонаҳо чизе намегӯянд ва маълум нест дар ин ҳайат киҳо шомиланд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.