5.9 C
Dushanbe

Созишномаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон тасвиб шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 9-уми январи соли 2026 созишномае миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тасвиб расонид, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ дар қаламрави якдигар ҳузур дошта бошанд.

Ба гуфтаи намояндагони парлумон, тарҳи ин созишнома ҳанӯз 1-уми феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Аммо ба сабаби даргириҳои мусаллаҳона миёни ду кишвар сари марзҳои муштарк, иҷрои он ба таъхир афтод.

Гуфта мешавад, “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандон” ба танзими ҳуқуқии сафар ва иқомати муваққатии шаҳрвандони ду кишвар дахл дорад.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфта, ки созишнома ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, осон кардани рафтуомад ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони ҳар ду давлат мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар созишнома тартиби воридшавӣ, будубоши муваққатӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин вакили парлумон Шуҳрат Ғанизода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ин созишномаро шаҳрдода, таъкид кардааст, ки мутобиқи ин созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳақ доранд то 60 рӯз бе сабти расмӣ дар қаламрави якдигар қарор дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ин қарор дар ҳоле қабул мешавад, ки моҳи марти соли 2025 президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоӣ оид ба муайянсозии марзи давлатии ду кишварро ба имзо расониданд.

Пас аз имзои раисҷумҳурон, бо ҳузури сарони давлатҳо ду гузаргоҳи марзӣ боз гардид, марзе, ки беш аз чор сол баста буд, расман дубора фаъол шуд. Рӯзҳои 18–19-уми марти соли 2025 парлумонҳои ҳар ду кишвар ин санадро тасдиқ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муноқишаи гурӯҳии хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони ду муассисаи таълимӣ занозанӣ рух додааст.

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзҳои оянда ҳаво якбора сард мешавад.

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.