Ҷамъе аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри изҳороти муштараке аз мақомоти тоҷик даъват кардаанд, ки бояд ба қонунҳои байналмилалӣ дар ВМКБ эҳтиром гузоранд ва даст аз саркӯби мардум бардоранд.
Созмонҳои байналмилалии ҳомиёни ҳуқуқи башар аз қабили, Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи башари Лаҳистон (HFHR), Созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR), Кумитаи Норвегия Ҳелсинки (NHC) ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) рӯзи 24-уми май аз мақомоти тоҷик даъват кардаанд, ки дар Бадахшон қонунҳои байналмилалиро риоя кунанд, аз ҷумла ба хушунат ва саркӯби мардум хотима дода шавад, ба мардум иҷозаи дастрасии фаврӣ ба созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи башар низ дода шавад ва инчунин алоқаи мобилӣ ва Интернет дар ВМКБ барқарор карда шавад.
Дар изҳороти созмонҳои ҳуқуқи башарӣ гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон барои пеши роҳи мардуми эътирозгарро дар Хоруғ бигирад, аз силоҳ ва гази ашковар истифода кардааст. Ба қавли шоҳидон, мақомот ба хусус дар ноҳияи Рӯшон ба сӯи мардуми осоишта аз снайперҳо ва чархболҳои низомӣ истифода кардаанд.
Дар изҳорот – бар асоси гузоришҳои шоҳидони айнӣ, гуфта мешавад, ки “нерӯҳои амниятӣ хонаҳоро дар ноҳияи Рӯшон кофтукоб карда, телефонҳои мобилиро тафтиш ва мусодира кардаанд, сокинонро боздошт ва гӯё бархе аз онҳоро бо шиканҷа ба қатл расондаанд ва ё қасдан ба таври ғайриқонунӣ то дами марг шиканҷа кардаанд.”
Ҳамчунин созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз он нигаронӣ кардаанд, ки давоми рӯзҳои 18 ва 19 май дастикам 25 эътирозгар аз дасти нерӯҳои амниятӣ дар Рӯшон ва атрофи он кушта шудаанд.
Дар охири изҳороти муштарак созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунанд ки:
· Саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарони осоиштаро бас кунед ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро риоят кунед.
· Ҳарчи тезтар ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба хусус Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) иҷоза диҳед, то вазъро назорат кунанд.
· Ба таври фаврӣ пайвасти интернет ва телефони мобилиро дар минтақа барқарор намуда, дастрасии аҳолии маҳаллӣ ба дигар манбаъҳои иттилоотро таъмин намоед.
· Ба ҳамаи онҳое, ки дар робита ба иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ дар ҷараёни эътирозҳо боздошт шудаанд, ба адвокати интихобкардаи худ иҷозат дода шаванд ва бо онҳо мунтазам ва махфӣ мулоқот кунанд.
· Ҳодисаи ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настоящее время” фавран ва ҳамаҷониба тафтиш карда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
· Ҳимоятгари ҳуқуқи башар Улфатхоним Мамадшоеваро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунед ва иттиҳомоти алайҳи ӯ бекор карда шавад.
· Омилони хушунатҳое, ки боиси маргу маҷрӯҳ шудани шаҳрвандон дар давоми ҳодисаҳои ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 гардид, ба таври фаврӣ, муассир ва ҳамаҷониба таҳқиқ карда шавад ва натиҷаҳо ба оммаи мардум дастрас карда шаванд.