СПАД мехоҳад пеши роҳи НАТО-ро бигирад?

Раҳбарони шӯроҳои амниятии кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав қарорҳои ахири НАТО ва ҷанги Украинаро баррасӣ карданд.

Тавре дафтари матбуоти СПАД хабар медиҳад, 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маскав 12-умин нишасти раҳбарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов ва Котиби Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу низ ҳузур доштанд.

Дабири кулли ин созмони минтақавӣ гуфта, ки вазъияти низомию сиёсӣ дар қаламрави минтақаи масъулияти СПАД ҳамчун мушкили асосӣ боқӣ мемонад.

Дар нишаст махсусан, таъкид шуда, ки қарори ахири Амрико ва Олмон дар бораи ҷобаҷогузории “силоҳҳои дурпарвоз” дар марзҳои Аврупои Ғарбӣ бори дигар хавфи аз нав мусаллаҳшавӣ бо силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвозро дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки тамаркузи нерӯҳои мусаллаҳи НАТО ва марказҳои ҷанги иттилоотӣ дар марзҳои Беларус ва Русия идома дорад. Ва раванди куамкҳои иқтисодӣ, молӣ ва низомӣ ба Украина ба хотири идомаи муқовимати мусаллаҳона бо Русия афзоиш меёбад.

Яке аз мавзуоти аслии ин насшт баррасии вазъи Осиёи Марказӣ буд, ки дар ин маврид “хатари густариши фаъолияти террористӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир” ҳамчун таҳдидҳои аслии ин кишварҳо ёд шуд.

Дабири кулли СПАД таъкид кард, дар нишасти баъдии Шӯрои амнияти СПАД, ки 28-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, “Барномаи байнидавлатии СПАД дар робита ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон бо тасвиби сарони давлатҳо баррасӣ мегардад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...

Қимори Тоҷикистон рӯи истихроҷи литий бар пайи уфти қимати он

Мақомоти Тоҷикистон нақша доранд лоиҳаи истихроҷи литийро дар кони...

Мушкили коркарди нафт дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон

Ҳаҷми коркарди нафт дар Русия то поёнтарин сатҳ дар...