Суқути як чархболи амрикоӣ дар тангаи Ҳурмуз

Дар ҳоле, ки гуфтушунидҳо байни Амрико ва Эрон ҷараён дорад, як чархболи навъи “Апачи”-и артиши Амрико рӯзи душанбе дар тангаи Ҳурмуз сарнагун шудааст. То ҳанӯз сабаби суқути ин чархбол расман эълон нашудааст.

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки ду хадамаи чархболи низомии суқуткарда солим наҷот ёфтаанд. Трамп аз сабаби суқути ҷархбол изҳори беиттилоӣ кард, вале таъкид намуд, ки гуфтушунидҳо бо Эрон дар марҳилаҳои охири худ расидааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “New York Times” аз ду манбаи огоҳи худ гузориш дод, ки мақомоти низомии Амрико ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки ин чархбол бар асари оташи нерӯҳои эронӣ сарнагун шуда, ё дучори мушкили фаннӣ ва ё бо мушкили дигаре мувоҷеҳ шуда бошад.

Расонаҳои давлатии Эрон ва ё Ситоди марказии нерӯҳои ин кишвар низ аз суқути чархболи амрикоӣ, ки тавассути артиши онҳо сурат гирифта бошад, гузориш надодаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе Эрон барои дифоъ аз “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил ҳуҷум кард. Ва Исроил низ ба ин ҳуҷум посух дод ва чанд нуқтаеро дар шаҳрҳои гуногуни Эрон бомборон кард.

Мақомоти Эрон амалиёти низомии зидди Исроилро “ҳимоят аз мардуми Лубнон” ва “аҳдшиканиҳои Исроил ба оташбас” эълон кард. Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё рӯзи якшанбе эълон кард, ки бо партоби мушакҳо чанд нуқтаи стратегии Исроилро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти исроилӣ низ таъйид мекунанд, ки Эрон чанд ҳамла пайи ҳам ба хоки Исроил доштааст. Пас аз ин ҳамлаҳо, нерӯҳои ҳавоии Исроил субҳи рӯзи душанбе ба ҳадафҳои низомӣ дар ғарб ва маркази Эрон зарба заданд. Артиши Исроил мегӯяд, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои партоби мушакҳо ва дигар иншооти низомӣ равона шудаанд.

Расонаҳои байналмилалӣ аз чандин таркиш дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Табрез, Караҷ ва Кирмоншоҳ хабар доданд. Ҳамзамон Исроил эълон кард, ки як маҷмааи бузурги петрокимиё дар ҷанубу ғарби Эрон низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Рӯзи душанбе Ситоди кулли артиши Эрон аз таваққуфи амалиёташ хабар дод. Ситоди артиши Эрон эълом кард, ки ба хотири таҷовузоти артиши Исроил дар ҷануби Лубнон ва минтақаи Зоҳия, Эрон дар ҳимоят аз “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил посух дод ва акнун таваққуфи амалиёташро эълом мекунад.

Ҳамзамон артиши Исроил низ эълон кард, ки амалиёташро ба чанд шаҳри Эрон ва нуқтаҳои стратегӣ ба анҷом расондааст ва дар сурати даргирии муҷадда омодаи ҳамлаи тоза ба Эрон аст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп аз ҳар ду ҷониб хост “фавран ҳуҷумҳои низомиро қатъ кунанд”. Ӯ изҳор дошт, ки идомаи даргириҳо метавонад музокироти сулҳро ба хатар андозад, аммо ҳамзамон гуфт, ки гуфтугӯҳо барои расидан ба созиши нав ҳанӯз идома доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.