28.9 C
Dushanbe

Гуфтугӯй вазирони хориҷӣ дар пайи суҳбати Э.Раҳмон бо шаҳрвадони Афғонистон

Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз чап ва Сироҷиддин Муҳриддин аз рост

Рӯзи 20 августи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тариқи телефон суҳбат анҷом доданд. Дар ин бора сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз ҳимояти Душанбе нисбати мавқеи Кобул дар раванди сулҳ ва омодагии Тоҷикистон ба баргузории ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ҳамоиши “Қалби Осиё — Раванди Истанбул”, изҳори миннатдорӣ намуд. Ҷонибҳо барои таҳким ва тавсеаи равобити дӯстонаи миёни ҳарду кишвари ҳамҷавор изҳори умед намуда афзуданд, ки барои расидан ба ин аҳдоф саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Қарор аст нишасти вазирони хориҷии ҳамоиши “Қалби Осиё — Раванди Истанбул”, ки ба мавзӯи субот ва пешрафти Афғонистон бахшида шудааст, дар ояндаи наздик бо мизбонии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор бишавад. Ҳамоиши мазкур аз чанд сол боз идома дорад ва дар он намояндагони кишварҳо ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд ва масъалаҳои сулҳу амният ва рушди иқтисодии Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Сомонаи Вазорати хориҷаи Афғонистан дар хабари худ оиди ин тамоси телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Афғонистан навишст, ки ҷонибҳо инчунин масъалаи имкони афзоиши содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба Афғонистонро муҳокима карданд.

Ёдрас мешавад, ки моҳи гузашта, раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии ниҳодаш изҳор дошт, ки аз субҳи 27-уми июл интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистону Узбекистон кам карда шуд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон якбора 90 дарсади содироти барқро ба Афғонистон коҳиш дод. Ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон сабаби чунин тасмимро ба “кам шудани обанборҳо” рабт доданд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ВМКБ бо сокинони Афғонистон тариқи баландгӯяд суҳбати сарироҳие анҷом дода, таъкид кард, ки онҳоро низ бо барқ таъмин хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.