7.9 C
Dushanbe

Сулҳи Афғонистон кобусе барои Покистон?

Намояндаи вежаи Покистон дар умури Афғонистон гуфтааст, ки сулҳ дар Афғонистон ба кобусе барои Покистон табдил шудааст.

Бино ба гузориши расонаҳо, Покистон зиёда аз 250 ҳазор муҳоҷири Афғонистонро дар зарфи камтар аз як моҳ аз хокаш берун кардааст ва ин раванд идома дорад.

Дар чанд моҳи ахир муносиботи сиёсӣ ва равобити дипломатӣ байни Исломобод ва Кобул хеле тира шудааст. Исломобод Кобулро ба он муттаҳам мекунад, ки аз нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон ҳимоят мекунад. Иттиҳоме, ки Кобул онро қабул надорад.

Покистон солҳо боз гирифтори буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фасодҳои густурдаи идорӣ аст. Бо ин вуҷуд мизбони миллионҳо нафар муҳоҷирони афғонистонӣ мебошад. Вале дар чанд моҳи ахир ҳамагуна муносибатҳои сиёсӣ ва равобити диполоматӣ байни ҳукумати муваққати Толибон дар Кобул ва Исломобод хеле тира шудааст.

Замони нахуствазирии Имрон Хон, Покистон талош мекард ба намояндагӣ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз онҳо ҳимоят кунад. 10-уми апрели соли 2022 парлумони Покистон ба нахуствазири вақт Имрон Хон раъйи адами эътимод дода, бо ҳамин аз вазифа барканор шуд.

Аммо баъд аз он ки Имрон Хон аз қудрат барканор ва алайҳи он парвандасозӣ оғоз шуду худаш ба зиндон маҳкум ва ҳизбаш мамнуъ эълон гардид, буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фасодҳои идориву ахлоқӣ дар ин кишвар густурдатар шуд ва ҳукумат зери борони фишорҳои мухталиф қарор гирифт.

Дар авҷи ин фишорҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Покистон Исломобод Кобулро нахуст ба ноором кардани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва сипас ба ҳимоят аз бархе мухолифони мусаллаҳи худ дар мисоли нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам кард. Сарпарасти Вазири корҳои хориҷии Толибон дар Кобул билофосила ин иттиҳомотро рад карда, гуфта буд, “Покистон бояд барфи болои бомашро ба хонаи ҳамсоя наандозад.”

Ахиран мақомоти покистонӣ бори дигар дар идомаи иддаоҳои худ фаротар рафта Афғонистонро ба он муттаҳам карданд, ки он мизбони наздик беш аз шаш ҳазор нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аст. Нерӯҳои Таҳрики Толибон бархе амалиёти худро аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон анҷом медиҳанд. Аммо сухангӯи Толибон гуфта, ки Покистон ҳеч санади муҳкаме барои ин иддаоҳояш надорад.

Аз сӯи дигар, замоне ки ихтилофоти сиёсӣ ва дипломатӣ байни Кобул ва Исломобод авҷ гирифта, Покистон тасмим гирифта, ки беш аз 1.7 миллион нафар муҳоҷирони афғонистонии бидуни санади иқоматро аз ин кишвар ихроҷ кунад. Аммо дар байни онҳое, ки то ҳол ихроҷ шудаанд, касоне ҳам вуҷуд доранд, ки мегӯянд, чор даҳа боз дар Покистон бо доштани санади иқомат зиндагӣ кардаанд.

Дар байни онҳое, ки ба ихроҷ таҳдид шудаанд, ҳазорҳо нафар аз нерӯҳои низомии ҳукумати пешини Афғонистон низ ҳузур доранд. Ба хотири эҳтимоли зери хатар қарор гирифтани ин низомиёни ҳукумати пешин бархе мухолифони Толибонро дар хориҷ нороҳат кардааст.

Гуфта мешавад, ин танишҳои лафзӣ замоне шиддат гирифта, ки чанд рӯз қабл Намояндаи вежаи Покистон барои Афғонистон Осиф Дурронӣ гуфта буд, “сулҳ дар Афғонистон ба як кобусе барои Покистон табдил шудааст.”

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам дар посух ба Дурронӣ гуфт, Иморати исломии Афғонистон масъулияти ҷилавгирӣ аз чолишҳои амниятии дохили Покистонро надорад. Онон бояд масоили дохилии хешро худашон ҳал кунанд ва маломати нокомиҳои худашонро ба Афғонистон роҷеъ насозанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.