Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва “таҳаввули бисёр мусбат” аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.
Трамп мегӯяд, ки ин тасмим пас аз дархости раҳбарони Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гирифта шудааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ин кишварҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз ҳам имкони расидан ба созиши сиёсӣ бо Эрон вуҷуд дорад.
Трамп дар ҳоле чунин эълон кард, ки ҷаҳон интизор дошт, лаҳзае пас марҳилаи нави даргириҳои низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон оғоз мешавад. Зеро, Трамп пеш аз ин таҳдид карда буд, ки алайҳи Эрон ҳамлаҳои сахтеро дар назар гирифтааст ва шаби якшанбе ҳамларо оғоз мекунад.
Аммо ҳоло Трамп иддао дорад, ки дар раванди музокирот бо Эрон “пешрафти бисёр ҷиддӣ” ҳосил шудааст ва Вашингтон ҳоло бо баъзе аз раҳбарияти Эрон дар тамос мебошад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ИМА танҳо дар сурате аз роҳи низомӣ даст мекашад, ки Теҳрон ба таври хаттӣ тааҳҳуд диҳад, ки ҳаргиз ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нахоҳад рафт.
Раисҷумҳури Амрико дар айни замон бо лаҳни таҳдидомез гуфт, агар музокирот ноком шавад, нерӯҳои амрикоӣ барои “ҳамлаи ҳамаҷониба” омода ҳастанд. Ӯ иддао кард, ки зарбаҳои қаблии Амрико ва муттаҳидонаш сохтори низомии Эронро ба шиддат заиф кардааст.
Ба назар мерасад, ки миёнаравии кишварҳои арабии Халиҷ дар тағйири мавқеи Вашингтон нақши асосӣ бозидааст. Ба гуфтаи Трамп, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, шайх Тамим бин Ҳамад, амири Қатар ва шайх Муҳаммад бин Зоид, президенти Иморот, аз ӯ хостаанд, ки барои дипломатия фурсати бештар диҳад.
Ин кишварҳо аз густариши ҷанг дар минтақа нигаронанд, зеро ҳар гуна даргирии мустақими Амрико ва Эрон метавонад ба амнияти Халиҷи Форс, бозори ҷаҳонии энержӣ ва ҳаракати нафт тавассути тангаи Ҳурмуз таъсири ҷиддӣ расонад.
Танишҳо байни Вашингтон ва Теҳрон дар моҳҳои охир пас аз ҳамлаҳои мушакӣ, бархӯрдҳои баҳрӣ дар тангаи Ҳурмуз ва зарбаҳои ҳавоии мутақобил ба марҳилаи бесобиқа расида буданд. Аз аввали моҳи май гузоришҳо дар бораи омодагии Амрико барои амалиёти густурда алайҳи таъсисоти низомӣ ва ҳастаии Эрон зиёд шуданд.
Бо вуҷуди эълони оташбаси нисбӣ, музокироти ғайримустақим миёни ду тараф то ҳол ба натиҷаи қатъӣ нарасидааст ва ҳарду ҷониб ҳамзамон бо идомаи фишорҳои сиёсӣ, омодагии низомии худро низ ҳифз кардаанд.
Аммо ба назари коршиносон, тасмимҳои Трамп, ки ҳаргоҳе тағйир мекунанд, гоҳ лаҳни тунду ҳамла доранд ва гоҳ лаҳни мусолиҳатомез, бештар ба “идоракунии буҳрон” монанд аст, на поёни воқеии таниш. Ба гуфтаи таҳлилгарони амрикоӣ ва минтақавӣ, Вашингтон аз як тараф мехоҳад фишори ҳадди аксарро болои Эрон нигоҳ дорад, аммо аз ҷониби дигар намехоҳад дар остонаи интихобот ва буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вориди ҷанги дарозмуддати дигар дар Ховари Миёна шавад.
Дар ҳамин ҳол, Теҳрон низ талош дорад аз роҳи дипломатӣ замон бихарад, фишорҳои байналмилалиро коҳиш диҳад ва аз густариши ҷанг ба дохили кишвар пешгирӣ кунад. Аммо ба гуфтаи нозирон, то замоне ки масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ҳал нашавад, эҳтимоли бозгашти минтақа ба даргириҳои низомӣ ҳамчунон баланд боқӣ мемонад.
