22.9 C
Dushanbe

Нигаронии мардум аз гарон шудани сӯзишворӣ ва роҳкиро

Густариши ҳамлаҳои низомии Толибон ва талаботи аз меъёр зиёди онҳо ба маводи сӯхт дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон боиси гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ширкати “Фароз”, ки пас аз “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар кишварамон аз таъминкунандаҳои аслии сӯзишворӣ дониста мешавад, Толибонро низ дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо сӯзишворӣ таъмин мекунад.

“Фароз” пеш аз Толибон дар муддати беш аз 10 сол нерӯҳои НАТО-ро дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо маводи сӯхт таъмин мекард. Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз қимат мешавад ва сокинон нигарони онанд, ки рӯзҳои наздик роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ низ гаронтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи баъзе коршиносони масоили иқтисодӣ, ширкати “Фароз” ва афроди алоҳидае ҳам дар гузашта маводи сӯзишвории арзонро ба таври қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мекарданд ва сипас бо нархи қиматтар дар дохили кишвар мефурӯхтанд ва ё Фароз онҳоро ба кишвар сеюм-Афғонистон содир мекард. Аммо ҳоло чунин имкон вуҷуд надорад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо нашри як гузориш дар истинод ба масъулони “Душанбенақлиётхизматрасон” навиштааст, ки шаҳрдории пойтахт ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карда, ки нархи хидматрасонии нақлиёти мусофиркашониро қиматтар кунад.

Аммо Сардори шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе Хайрулло Камолов гуфтаҳои сардори “Душанбенақлиётхизматрасон”-ро рад карда, гуфтааст, ки онҳо ба Вазорати нақлиёт дар ин хусус ҳеч пешниҳоде ироа накардаанд.

“Аслан, барои баланд намудани нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ мо ба Вазорати нақлиёт пешниҳод манзур намекунем. Мо танҳо дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ метавонем нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ бозбинӣ кунем. То ба ҳол чунин иқдоме аз ҷониби мо сурат нагирифтааст, – гуфтааст Камолов ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи Сардори “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҳамзаалӣ Ғаниев, “гароншавии сӯзишворӣ имкони хароҷоти баъзе корҳои муассиса, аз ҷумла харидории қисмҳои эҳтиётиро намедиҳад.”

Аммо масъули танзими кори нақлиёт дар шаҳрдорӣ гуфта, ки масъала дар ҳоли таҳлил ва баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ гароншавии нархи сӯзишворӣ ба кори муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бетаъсир намемонад.

Инчунин масъулони ширкатҳои таксӣ низ гуфтанд, ки гаронии сӯзишворӣ ба вазъи молии ронандагон зарари худро расондааст ва онҳо аз гарон нашудани роҳкиро норозигӣ кардаанд. Бинобар ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки азбаски маводи сӯзишворӣ бештар аз роҳи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мегашт, пас аз даргириҳои хунини моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя марзҳои худро бар рӯйи тоҷикистониён баст ва ин боиси гарон шудани сӯзишворӣ дар кишвар гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.