Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.

Тавре хабаргузории ҳукуматии “Ховар” рӯзи 23-юми апрел гузориш дод, ин тағйирот идораҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти додгоҳӣ, бахши дипломатӣ, расонаҳо, ниҳодҳои илмӣ, амният ва тандурустиро фаро гирифтааст.

Тибқи қарорҳои нав, Мамарасулзода Саидҷафар Мамарасул аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт озод карда шуданд.

Дар доираи ин қарорҳо чанд мақомдор аз вазифа барканор шуданд. Аз ҷумла, раиси додгоҳи ноҳияи Қубодиён Саидҷафар Мамарасулзода ва сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардиданд. Бо қарори дигар, Хусрав Нозирӣ сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъин шуда, Зубайдулло Зубайдзода ба ҳайси сафир дар Умон фиристода шуд.

Дар сохторҳои қудратӣ низ ҷойивазкунӣ сурат гирифт. Ҷунайдулло Ҳабибулло Ҳамро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба ақибгоҳ таъйин гардид.

Дар бахши расонаҳо ва маориф низ тағйирот ба назар мерасад. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамзода ва директори Академияи воситаҳои ахбори омма Саъдӣ Исматзода аз вазифа озод шуда, ба ҷояшон Барно Соҳибзода ва Ҳақназар Каримзода таъин гардиданд.

Ҳамчунин, дар Академияи миллии илмҳо ва сохторҳои вобаста ба он низ тағйирот сурат гирифт. Аз ҷумла, Нозим Маҳмадизода ба вазифаи директори муассисаи нави фалсафа ва сиёсатшиносӣ таъйин шуд. 

Илова бар ин, дар чанд ниҳоди дигар низ таъйинотҳои нав анҷом ёфтанд, аз ҷумла дар Кумитаи идораи замин, телевизиони “Варзиш” ва Институти давлат ва ҳуқуқ.

Аммо коршиносон мепурсанд, ки оё ин тағйирот, ки ҳамасола дар ҳукумати Эмомлаӣ анҷом мешавад ва мақомот онро ҳамчун қадаме барои ҷалби “кадрҳои ҷавон ва болаёқат” муаррифӣ мекунанд, дар воқеъ ислоҳот аст?

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чунин ҷойивазкуниҳо бештар шаклӣ буда, ба беҳбуди воқеии идоракунии давлатӣ таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бисёре аз кишварҳо иваз шудани мансабдорон натиҷаи масъулият барои нокомиҳо мебошад, аммо дар Тоҷикистон ин раванд бештар ба нигоҳ доштани намуди зоҳирии ислоҳот шабоҳат дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...