21.9 C
Dushanbe

Табибе, ки иддаои дидани Худоро карда буд, боздошт шуд

Табиби тоҷике, ки чанд рӯзи пеш бо пахши наворе иддо карда буд, Худоро дидааст, рӯзи 11-уми январ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуд.

Шоев Бахтиёр, табиби халқӣ ва раҳбари маркази табобатии “Шоҳёр” чанде пеш бо нашри наворе иддао карда буд, ки бо Худо на якбор, балки чанд маротиба вохӯрдааст ва амру фармонҳоро мустақим аз худи Ӯ мегирад. Ин навор дар шабкаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро дар байни корбарон ба бор оварда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузоришаш мегӯяд, ки Шоев Бахтиёр ин суханҳоро ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи одамон ва манфиати молии бештар бурдан мекардааст. Худи табиб низ ин суханҳоро такрор мекунад.

Ҳамзамон дар гузориш худи табиб мегӯяд, фориғу таҳсили Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат аст ва курси кӯтоҳмуддати Маркази ҷумҳуриявии тибби халқиро низ гирифтааст. Аммо ӯ мегӯяд: “Ман ягон маълумоти динӣ надорам, танҳо мақсади ман ин буд, ки як илоҷ карда, халқро фиреб дода, бо ин роҳ маблағ даромад кунам.

Шоев Бахтиёр дар навори қаблияш, ки ҳоло аз Ютуб пок карда шудааст, иддо мекард, чанд маротиба назди Худо рафтааст ва Ӯро аз наздик дидааст, ҳатто гуфта буд, ки Ӯ чӣ гуна шаклу сурат дорад. Ҳатто Шоев дар идомаи суҳбаташ таъкид мекард, ки суханҳояш ҳақиқат доранд ва мисли Паёмбари ислом (с) “агар дар дасти росташ офтобро диҳанд ва дар дасти чапаш моҳтобро аз суханҳое, ки мегӯяд, барнамегардад”. Аммо дар бозпурсии ВКД иқрор шуд, ки гуфтаҳояш танҳо фиреби мардум будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.