Табли шодии Қирғизистон аз “пирӯзии нисбӣ” дар низоъҳои дирӯзаи Тоҷикистон

Қамчибек Ташиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки барои талафоти кам додан дар ин низоъ бо супориши прзидент хуб омодагӣ дида буданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд: “Соли гузашта, ки дар сарҳад низоъ рух дод, мо имконоти зиёд надоштем. Он вақт мо танхо як мошини зиреҳпӯш доштем. Дар ин муноқиша моро хуб дастгирӣ карданд. Бо супориши президент 40 мошини зиреҳпӯш оварда шуда буд, маҷрӯҳшудагон ва шаҳрвандони оддиро аз минтақаи ҳодиса берун оварданд. Бинобар ин, ин дафъа талафот кам буд.”

Пеш аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам дар ин бора хабар дода буд: “Ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад“. Ин чунин “Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.“

Ба қавли расонаҳои қирғизӣ, мақомоти он кишвар на танҳо барои пирӯз шудан дар ин низоъҳо омодагии хуби ҳарбӣ дида буданд, балки барои кам кардани талафоти ҷонӣ ҳам тибқи нақша аз пеш омода буданд.

Расонаҳои қирғизӣ ба нақл аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи он кишвар хабар додаанд, ки дар ин ҳодиса зиёда аз 11 ҳазор сокинони маҳаллиро ба ҷойҳои амн интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, дар низоъҳои рӯз ва шаби гузашта дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғд 2 нафар кушта ва дасти кам 31 нафар аз ду ҷониб захмӣ шудааст.

Афроди кушта шуда, Обидҷон Туйчиеви 36-сола ва Абдуллатиф Шарипови 58-сола ҳар ду сокинони мулкӣ буда, дар асари партоби минамиёт аз сӯи Қирғизистон ҷони худро аз даст додаанд. Ҳар чанд КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди захмиҳо 10 нафар аст, вале расонаҳои хабарӣ дар истинод ба манобеи худ аз захмӣ шудани ҳудуди 20 нафар гузориш додаанд. Ҳамзамон аз ҷониби Қирғизистон ҳам гузориш мешавад, ки 11 нафар захмӣ шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҳоле аз супориш ва пуштибонии президенти он кишвар барои “пирӯз” шудан дар ин низоъ хабар медиҳад, ки бо гузашти қариби 24 соат аз оғози низоъҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, Президети Тоҷикистон то ҳол дар бораи кушта шудани 2 шаҳрванди мулкӣ, захмӣ шудани ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла низомиёну сарҳадбонон ва тахриби 9 хонаву як бошгоҳи низомӣ изҳори назар накардааст.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.