18.9 C
Dushanbe

Табрикоту таҳдидҳои раҳбарони Афғонистон

Дар арафаи Иди Рамазон бархе аз раҳбарони Афғонистон дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар пас аз табрикоти Иди Фитри худ якдигарро ба оғози ҷангу ҳамла таҳдид кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон шоми дирӯз, 28-уми апрели соли 2022 дар асари ду таркиш дар шаҳри Мазори Шариф дастикам 10 нафар кушта ва 18 каси дигар захмӣ шудааст.

Бахши форсии ББС дар истинод ба қавли Муҳаммадосиф Вазирӣ, сухангӯйи Фармондеҳии амнияти Толибон дар шаҳри Мазори Шариф гуфтааст, ки “ба назар мерасад, ҳадаф аз ин ҳамла ба минибусҳо “мусофирони шиъа” будааст.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва Сафорати Эрон дар Кобул ҳам онҳоро “дадманишӣ ва хунхорӣ” хонда, омилони онро маҳкум кардаанд. Ба қавли ББС, ин ҳамлаҳоро ДИИШ ба уҳда гирифтааст.

Пеш аз ин дар ҳафтаи гузашта низ дар вақти ҷумъахонӣ дар масҷиди Седуконаи Мазориши Шариф, ки мансуб ба шиъаён буд, таркишҳое рух дод, ки дар натиҷа наздик ба 200 нафар кушта ва захмӣ гардид. ДИИШ он ҳамларо ба уҳда гирифт. Аммо он замон бархе расонаҳои эронӣ ба мисли хабаргузории “Тасним” моршол Абдуррашид Дӯстумро дар ҳамкорӣ ба дигарон ба он ҳамлаи маргбор муттаҳам карданд. Ҳарчанд Дӯстум баъдтар даст доштан дар онро рад кард.

Бо ин вуҷуд ин, занҷираи таркишҳои маргбор дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, бахусус шаҳрҳои Кобулу Ҷалолобод, Мазори Шарифу Кундуз, ки ҳомили паёмҳои норомӣ ва бесубот карданро дар пай доранд, дар ин моҳи мубораки Рамазон афзоиш ёфтаанд.

Аз сӯи дигар дар ҳамин моҳи шариф аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳояш назири Покистону Эрон ва Ӯзбекистон ҳам чанд ҳамла сурат гирифт ва дар посух ба онҳо Исломободу Теҳрон ва Тошканд бо ҳамлаҳои заминиву ҳавоӣ ба навъе ба Толибон посух доданд.

Дар ҳамин ҳол генерал Содот Самеъ, дар гуфтугӯ бо ББС таҳдид кардааст, ки баъд аз Иди Рамазон худи ва шумори зиёде аз сарбозону сиёсатмадорони Афғонистон дар хориҷ аз кишвар барои ҳамла алайҳи Толибон омода мешаванд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Афғонистон ҳам пештар гуфта буд, ки муҷоҳиди таҳти амраш ҳамон тавре дар замони ҷанги Шӯравӣ бо раҳбарии падараш Аҳмадшоҳи Масъуд қиём карда буданд, нерӯҳои таҳти раҳбариаш ҳам алайҳи Толибон қиём мекунанд.

Бо ин ҳол, Мулло Ҳайбтулло Охундзода, раҳбари Толибон дар паёми муфассали табрикотиаш вобаст ба Иди Рамазон нашр шудааст, дар бораи ин ҳамлаҳо ҳеч ҳарфе нагуфтааст. Аммо таҳдид кардааст, “касе аз афв тамарруд ва сарпечӣ кунад ва барои оғози ҷанги дигаре дар кишвар талош кунад, бо вокуниши қотеъ ва ҷиддии ин миллат рӯбарӯ мешавад.”

Гуфтанист, Толибон, ки дар 8 моҳи ахири қурдатро дар Афғонистон дар даст доранд, борҳо эълон кардаанд, ки нерӯҳои тундраве ба мисли ДИИШ ва амосли он дар ин кишвар тавони муқобила бо онҳоро надоранд, вале амалан дида мешавад, ки нерӯҳои ҳаросафкан дар ин як моҳи ахир хеле фаъол шуда, амнияти ҳам Толибон ва ҳам мардумро зери суол бурдаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.