19.9 C
Dushanbe

Тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистон. Кӣ омаду кӣ рафт?

Бо фармону амри Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи сармоягузорӣ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино бо фармонҳои Раҳмонов, Маҳмадамин Маҳмадаминов аз вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид сабукдӯш ва ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоил таъин гардид.

Дар ҳамин ҳол феълан маълум нест, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов баъди барканорӣ чӣ вазифаи нав мегирад. Дар фармони барканорияш сабаб – гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Инчунин Муродулло Давлатзода бино бар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи мудири Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон сабукдӯш шуд.

Ба ҷойи ӯ Абдураҳим Холиқзода, раиси пешини Кумитаи дин ва вакили собиқи порлумонро раиси Маркази исломшиносӣ гузоштанд. Гуфта мешавад дар замони раисии Холиқзода дар Кумитаи дин қонунҳои нави дину танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ қабул шуда, бо танқидҳои зиёди дохиливу байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Бо қарори ҳукумат, Фарҳод Салим, писари 46-солаи Абдумаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуд.

Фарҳод Салим дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия, Америка ва Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ низ фаъолият дошт.

Дар баробари писари Достиев, Шараф Шерализода ва Содиқ Имомӣ муовинони дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Шараф Шерализода то ин дам дар мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Содиқ Имомӣ дар симати сафири Тоҷикистон дар Узбекистону Исроил кор мекарданд.

Ба ҷои Шараф Шерализода , Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат Мирзо Хуршед Файзуллозодаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъйин намуд.

Хуршед Мирзо дар баробари кораш дар мақоми ноиби аввали Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ инчунин дар мақоми мудири кулли корхонаи давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор мекард. То таъйинаш ба ин мақом ӯ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” фаъолият дошт.

Инчунин, бо қарорҳои ҳукумат Латофат Назирӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз мақоми муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон барканор шуда, Гулчеҳра Ғанизода ҷойи ӯро гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тирамоҳи гузашта то ба ҳол ба чанд тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ даст зад.

Мухолифон мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.