5.9 C
Dushanbe

Таъйини раҳбари нав дар ҶСК “Тоҷик Эйр”

Президенти Тоҷикистон бо барканарии собиқ раиси ширкати “Тоҷик-Эйр” раиси ҷадидеро дар ин курсӣ таъйин кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қароре гуфт: “Исматуллозода Дилшод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод карда шавад.”

Ҳамзамон раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури қарори дигаре Шодмонзода Парвиз Абдураҳимро директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъйин кард.

Гуфта мешавад, Дилшод Исматуллозода 22-уми январи соли 2019 бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон ба курсии директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” такя зада буд ва пеш аз он вай ҳамчун муовини раиси Дастгоҳи иҷрои Президенти Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ширкати “Тоҷик Эйр” нахустин ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки моҳи майи соли 1930 ба кор оғоз кардааст, вале ба гуфтаи коршиносон, дар ин ду даҳсолаи ахир шикати “Сомон Эйр“-и Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷазираҳои офшорӣ сабти ном шудааст бо пуштибонии Ҳукумат ҷои пойи “Тоҷик Эйр“-ро танг карда, сабабгори қарздор шудани он гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.