31.9 C
Dushanbe

Таъйиноти кадрӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи 24 ноябри соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон як идда раисони шаҳру навоҳӣ ва ректорони донишгоҳу донишкадаҳои кишварро аз мансабҳояшон барканор кард.

Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод ва Сулаймонзода Акрам Раҳим муовини раиси вилояти Хатлон таъйин карда шуд.

Ҳамчунин Раҳмон бо як фармони дигараш имрӯз 24 ноябр Шамиров Кишвар Ғуломрасулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод кард ва Мирзонабот Алишер Худобердиро иҷрокунандаи вазифаи раиси таъин кард.

Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод намуда, ба ҷои ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъйин кард.

Дар ин ҷойивазкунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони ноҳияҳои Рудакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Муъминобод ва ҳамчунин ректорони донишгоҳу донигкадаҳоро иваз кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.