21.9 C
Dushanbe

Таҳдиду фишор болои фаъолони помирӣ дар Русия

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон фаъолони помириро дар Маскав таҳдид доранд, то ба ватан баргарданд. Дар ин бора ба Pamir Daily News чанд зодаи шаҳри Хоруғ хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, паёмакҳои таҳдидкунанда ба WhatsApp-и ин фаъолон аз рақамҳои номаълум фиристода шудааст. Дар он паёмакҳо маълумоти шахс ва моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки фаъолони помирӣ ба онҳо айбдор карда мешаванд, навишта шудааст.

Инчунин дар онҳо гуфта мешавад, ки фаъолон бояд ба Тоҷикистон баргарданд, дар ғайри ин сурат онҳоро ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз боздошту истирдоди фаъолони помирӣ аз Русия ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо маълум аст, ки Амриддин Аловатшоев ба 18 соли зиндон ва Чоршанбе Чоршанбиев ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудаанд, тақдири дигар ихроҷшудаҳо маълум нест.

Фишори мақомот болои фаъолони помирӣ баъд аз ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 оғоз шуд.

Дар ин муддати чанд моҳ мақомот бераҳмона даҳҳо тан аз сокинони Бадахшон, аз ҷумла раҳбарони мардумии ин вилоят Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Ғуломҳайдаров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро ба қатл расонд.

Инчунин рӯзноманигорон, фаъолони чомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбарони мардумии Бадахшон, ба мисли Улфатхоним Мамадшоева, Ҳушом Ғулом, генерал Холбаш Холбашев, Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Ниёзшо Гулобов, Муслим Шерзамонов бародари муовини раҳбари ПМТ Алим Шерзамонов ва даҳҳо тани дигар бо иттиҳомоти сохтаву бофтаи мақомот боздошт шуда, дар рафти пурсиш мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтаанд.

Яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳодисаҳои охир нишон медиҳад, ки ҳукумати хонаводагии Раҳмонов мехоҳад дар Тоҷикистон ягон нафаре барои озодӣ ва ҳуқуқӣ худ садо баланд накунад ва агар ҳар нафаре ҳам садо баланд кард ё зиндонӣ мешавад ё ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.