22.9 C
Dushanbe

Тахриби хонаҳои мардум дар Шоҳмансур

Акс аз навори тахрибкорӣ

Тахриби хонаҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки рӯзи якшанбе бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов оғоз шуд, имрӯз аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин хонаҳои тахрибшуда ва ё вайроншаванда, ки дар маҳаллаи Шодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд, қарор аст, дар ҷои онҳо ширкати сохтмонии “Асрор-С” чанд бинои баландошиёна бисозад.

Дар наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки ҷамъе аз масъулони ширкати сохтмонии “Асрор-С” бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов ба эътирози сокинон гӯш надода, ба ронандаи трактор фармон медиҳанд, ки девори хонаеро ба замин ҳамвор кунад.

Сокинони ин маҳалла эътироз карда мегӯянд, ки бо чӣ далел дар рӯзи равшан хонаи як шаҳрвандро, ки дар дохили занону кӯдакон зиндагӣ доранд, вайрон мекунанд? Аммо касе ба ин суол ва эътирози онҳо эътибор намедиҳад. Ба ин хотир байни муовини раис ва сокинон ҷанҷолҳои лафзӣ оғоз мешавад.

Аздо тв барои фаҳмидани асли қазия ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур тамос гирифт. Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳия гуфтанд, масъул худи муовини раис Тоҳир Қаюмов аст. Аммо ҳангоми тамос Тоҳир Қаюмов на ба телефони идорааш ва на телефони дастияш ҷавоб надод.

Муовини раиси ноиҳияи Шоҳмансур, Тоҳир Қаюмов. Акс аз навори видеоӣ.

Биноан, Аздо тв аз сокинони маҳаллаи Шодӣ асли қазияро ҷӯё шуд. Яке аз сокинони ин маҳалла, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо мо гуфт, кор аз онҷо шуруъ шуд, ки “аввалҳои моҳи октябри соли 2020 масъулони ширкати сохтмонии “Асрор – С” ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур бо 10 сокини маҳаллаи Шодӣ, ки мехоҳанд дар ҷои хонаҳои онҳо бино истиқоматӣ бунёд кунанд, маҷлис гузаронданд.

Он замон масъулон гуфтанд, ки агар як метри мураббаъи хонаҳоятон дар инҷо $500 арзиш дошта бошад, мо ба шумо $600 медиҳем ва агар хонаҳоятон 100 метри мураббаъ бошанд, мо ба шумо 120 метри мураббаъ медиҳем. Ва агар бо ҳамин маблағ дар Дубай ва ё Маскав хона харидан хоҳед, дар он ҷойҳо низ ба шумо бо ҳамин маблағ хона мехарем”.

Ба гуфтаи манбаъ, масъулини ширкати сохтмонӣ ва ҳукумат бо ин ваъдаҳои зиёд розигии мардумро гирифтанд. Аммо бо гузашти зиёда аз 10 моҳ аз он ваъдаҳо хабаре нест. Кори сохтмончиён ҳам дар маҳалли сохтмон хеле суст ҷараён дорад, ба ин хотир мардум ба ваъдаҳои онҳо шубҳа карданд.

Инчунин дар ҳоли ҳозир ширкати “Асрор-С” аз ваъдаи пул додан низ даст кашида, гуфтааст, ки танҳо ба сокинон дар бинои сохташаванда хона медиҳад. Он ҳам на ба он ҳаҷме, ки қаблан ваъда карда буд, барои мисол агар хонаи яке аз сокинон 100 метри мураббаъ бошад, ба вай 120 метри мураббаъ медиҳанд, аз ин рӯ, мардум акнун аз хонаҳояшон хестан намехоҳанд.

Яке аз ин сокинон мегӯяд, “бар иловаи надодани маблағ, хонаи мо, ки беш аз 200 метри мураббаъ аст ва се оила зиндагӣ мекунем, масъулони ширкат гуфтаанд, мо ба шумо 170 метри мураббаъ медиҳем, яъне камтар аз оне ки пештар даъво мекарданд.”

Ширкати сохтмонии “Асрор-С” то кунун дар ин бора вокуниш нишон надода аст, тамосҳои мо низ бе натиҷа буд. Ин ширкат соли 2014 дар бозори сохтмонӣ кишвар ворид шуда, ин бори аввал аст, ки номи он расонаӣ шуда, ба эътирози густурдаи сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.

PS:Ҳангоми омода шудани ин матлаб аз ҷониби сокинон гузориш шуд, ки қарор аст имрӯз, 25-уми август соати 16:00 намояндагони ширкат ҳамроҳ бо намояндагони ноҳияи Шоҳмансур ва афроди низомӣ ба маҳаллаи Шодӣ рафта тахриби тамоми он 10 хонаеро, ки қаблан бо моликони онҳо мувофиқа шуда буд, оғоз кунанд. Дар сурати пайдо шудани хабарҳои нав дар ин хусус мо ба ин мавзӯъ бар мегардем…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.