26.9 C
Dushanbe

Талаби $2 миллон барои омӯзиши курсҳои компютерӣ

Ташкилоти амонатии қарзи хурди “Ҳумо” аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои ҷалби 240 зан ба курсҳои омӯзиши компютерӣ дар Тоҷикистон 2 миллон доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Ба гузориши АМИТ “Ховар” БАТР ба ин дархост мувофиқат намуда, маблағро ҳамчун қарз пешниҳод хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҷалби 2 миллион доллари қарз аз БАТР барои гузарондани курсҳои омӯзиши компютерӣ ба 240 зан дар назар гирифта шудааст, ки ин курсҳо метавонанд ба занҳо кумак кунанд “малакаи технологияиҳои иттилоотиро дар бахши бозаргонӣ дасрас намоянд ва қобилияти касбияшонро беҳтар созанд.”

Барои амалии ин лоиҳа Ташкилоти қарзии хурди “Ҳумо” муваззаф аст, ки бо як мактаби касбии маҳаллӣ ҳамоҳанг карда, курсҳои омӯзиши компютериро барои занҳо ба роҳ монад.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин бо ин маблағ ба ҷуз гузарондани курсҳои омӯзиши компютери барои занҳо боз чӣ лоиҳае дар назар аст. Ин аст, ки ба назари баъзе коршиносон, маблағи 2 миллон доллари амрикоӣ танҳо барои гузарондани курсҳои омӯзиши компютерӣ ва он ҳам барои 240 нафар хеле маблағи зиёд аст. Вале маълум нест боз он дар кадом лоиҳаи расмӣ ва шаффоф масраф мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.