10-уми декабри соли ҷорӣ, нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст намояндаи Чин дар СММ Фу Кунг аз ҳукумати Толибон ва Тоҷикистон талаб кардааст, ки назорат дар марзро тақвият диҳанд.
Ҳамчунин ин намояндаи Чин аз Толибон хостааст, ки дар бораи кушта шудани шаҳрвандони кишвараш дар марз бо Тоҷикистон, таҳқиқ кунад ва мавзуи терроризмро ҷиддӣ бигираду онро аз хоки Афғонистон решакан кунад.
Ба гуфтаи Фу Кунг бар асоси гузориши СММ талошҳое барои мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон сурат гирифтааст, аммо ба иддаои намояндаи Чин гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Таҳрики Толибони Покистон ҳамчунон дар ин кишвар фаъол ҳастанд ва ҳамлаҳоеро алайҳи кишварҳои ҳамсоя тартиб дода ва иҷро мекунанд.
То ҳол посухи Толибон ва Тоҷикистон дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду ҳамла бо истифода “аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” анҷом шуда, 10 шаҳрванди Чин, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд, куштаву захмӣ шуданд.
То ҳол ҳадафи ин ҳамлаи маргбор маълум нашуда, ҳеч гурӯҳе ҳам масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.
Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти “душманонест”, ки қасд доранд, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон “беэътимодӣ” эҷод кунанд. Ҷониби Тоҷикистон низ гуфта, ки ҳамла кори дасти “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” аст. Аммо ҳам Толибон ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон аз гурӯҳ ё созмоне ном набурдаанд.
