33.9 C
Dushanbe

Талаби раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин аз Раҳмон

Cозмони Авфи байналмилалӣ ё Amnesty International бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостааст, ки фаъоли тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро фавран озод кунад. 

Ин нома, ки рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ фиристода шудааст, дар он аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон талаб мешавад, ки барои ҳар чи зуд ошкор кардани макони Абдуллоҳи Шамсиддин чораҳои зарурӣ биандешад. Инчунин ин созмони ҳуқуқи башарӣ аз Раҳмон замонат хостааст, ки то Абдуллоҳ шиканҷа нашавад ва битавонад бо аъзои оилааш суҳбат кунад.

Созмони Amnesty International  менависад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро барои робитааш бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ба хотири падараш Шамсиддин Саидов, ки яке аз масъулони ин ҳизб аст, нишон гирифтаанд. 

Дар охири нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон талаб шудааст, ки ин фаъоли тоҷикро фавран аз зиндон раҳо кунад.  

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Дертар рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. 

Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле ба зиндон маҳкум шуд, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон  мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накарда буданд ва то ҳол ҳеч ниҳоди қудратии кишвар дар боздошт нигоҳ доштани ӯро намегӯянд. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд. 

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.