34.9 C
Dushanbe

Тамдиди тафтиши парвандаи чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноии чанд чеҳраи маъруфи сиёсии кишварро барои ду моҳи дигар дароз кард.

Дар ҳоли ҳозир шаш нафар аз ин чеҳраҳои маъруф, ки дар боздоштанд, ба табадулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла, вакили собиқи парлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ва муовинаш Аҳмадшоҳ Комилзода, инчунин собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, ҳуқуқдони шинохта ва муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва собиқ консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундузи Афғонистон шомили ин парванда ҳастанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки парвандаи ин афрод бояд дар моҳи сентябр ба Додгоҳи олӣ фиристода мешуд, аммо он дигарбора баррасӣ ва “тафтишу бандубасти қазия нокофӣ” дониста шуда, ба тафтиши дигарбора фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, Саъидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов ба талош барои ғасби қудрат (моддаи 306-и Кодекси ҷиноятӣ) муттаҳам мешаванд ва илова бар ин алайҳи чанде аз ин чеҳраҳои шинохта бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ (моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) ҳам парванда боз шудаааст. Муовини раси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ин иттиҳомотро пурра рад кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки нисбати Хамрохон Зарифӣ ва Абдулфайз Атоӣ бо кадом моддаҳо парванда боз кардаанд. Чун парвандаи онҳо махфӣ ва сирри давлатӣ эълон шудааст.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз як моҳи зиндон ба озодӣ баромадааст, аммо манобеи Azda.tv мегӯянд, ки ӯ аз моҳи июн дар боздошт қарор дорад ва ба озодӣ набаромадааст.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки мақомот ӯро рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд, оғоз ёфт. Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Наздикони боздоштшудагон хабар додаанд, ки пайвандонашон дар боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) нигоҳ дошта мешаванд ва чанд рӯзи пеш аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва саломатияшон хуб арзёбӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, баъзе аз боздоштшудагон то ҳол вакили дифоъ надоранд ва аз рӯзи боздошт то ҳол иҷозати мулоқот бо аъзои оилаашонро нагирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.