Танҳо 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.

Ин нукта 26-уми май зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии масъалаҳои об дар Душанбе баён гардид. Ҳамчунин таъкид шуд, ки кишвар мақсад дорад то соли 2030 низоми муосир ва самараноки идоракунии захираҳои обро ба роҳ монад.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло ҳамагӣ 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба шабакаи марказии обрасонӣ дастрасӣ доранд, ки қисми зиёди онҳо сокинони шаҳрҳо мебошанд. Дар навоҳии гуногун ҳанӯз ҳам камбуди оби тозаи ошомиданӣ эҳсос мешавад ва мардум барои таъмини ниёзҳои худ аз дарёҳо, чашмаҳо ва чоҳҳо истифода мебаранд.

Дар суханронӣ инчунин пешниҳод шуд, ки сохтори Фонди байналмилалии наҷоти Арал такмил дода шуда, дар сатҳи минтақа Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Дар гузашта миёни кишварҳои минтақа масъалаи тақсими захираҳои об мавриди баҳсу ихтилоф қарор гирифта буд.

Конфронси чоруми байналмилалии масъалаҳои об аз 25 то 28-уми май дар Душанбе идома дорад. Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷӣ, дар он намояндагони беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...