Сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз беобӣ танқисӣ мекашанд ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпайяшон ба масъулини ноҳия касе ба доди онҳо намерасад. Иддае аз сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар тамос бо Аздо тв гуфтанд, тақрибан 100 хонавода дар ин кӯча зиндагӣ мекунад, вале бо гузашти қариб 20 сол на оби ошомиданӣ […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз беобӣ танқисӣ мекашанд ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпайяшон ба масъулини ноҳия касе ба доди онҳо намерасад.
Иддае аз сокинони кӯчаи Баҳории ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар тамос бо Аздо тв гуфтанд, тақрибан 100 хонавода дар ин кӯча зиндагӣ мекунад, вале бо гузашти қариб 20 сол на оби ошомиданӣ доранду на роҳи асфалтӣ ва на партовгоҳе барои партовҳояшон.
Акс: Интернет
Ба гуфтаи онҳо, сокинон бо маблағи худ чанд сол пеш аз ду километр дурӣ бо лулаҳои обкашӣ хостанд об биёранд, вале масъулини бахши обтақасимкунӣ дар ноҳия на ба таври доимӣ ва на дар вақтҳои муайян обро ба онҳо сар намедиҳанд.
Онҳо мегӯянд, баъзе моҳҳо об ба муддати 5 дақиқа ва ё камтару зиёдтар сар дода мешавад, ки фишори он хеле паст буда ҳатто як сатил ҳам пур ношуда, қатъ мегардад. Биноан, маҷбур мешаванд (дар пойтахти кишвар нишаста) як мошини оби ошомиданиро дар як ҳафта ду маротиба аз 150 то 200 сомонӣ бихаранд.
Акс: Интернет
Манобеъ мегӯянд, ҳар давраи интихобот вакилон меоянд ваъдаҳои зиёд медиҳанд, ки фалон корро анҷом медиҳанд. “Мушкилотамонро баррасӣ мекунанд, вале баъд аз маъракаи интихобот дигар на вакилеро мебинем ва на намояндаеро, ки ҳатто моро бишнавад”. Танҳо як вакили халқӣ, ки аз ӯ Ҳоҷӣ Маҳмуд ном бурда мешавад ва тоҷир ҳам будааст аз ҳисоби шахсияш ба мардуми маҳлла кумак мерасонад.