22.9 C
Dushanbe

СТАНДАРТҲОИ ДУГОНА ДАР МАФҲУМИ “ТЕРРОРИЗМ”

(Бахши дувум)

Таъриф ва баҳогузории дустандартӣ (дунамуда) ба амалкарадаҳои давлатҳо ё гурӯҳҳо дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳон ба як “бренди” назарфиребонае табдил ёфтааст, ки ҳукуматдорон аз он мувофиқи манфиатҳояшон истифода намуда, дурустии сиёсати худро ба шаҳрвандони худ ва сокинони дигар давлатҳо таҳмил кардан мехоҳанд. Яке аз чунин брендҳои, ки даҳсолаҳои охир “муд” шудааст, ин барчаспи “терроризм” мебошад.

Ҳукуматҳо, ки услуби роҳбариашон аз якдигар фарқ мекунад, дар барчаспи “террор” ба ин ё он гурӯҳ аз услуби хосси худ истифода мебаранд, давлатҳои демократӣ бо истифода аз ВАО ва нозукиҳои дипломатӣ, давлатҳои диктаторӣ бошанд, бо услуби тарсу ваҳшат, яъне ҳамон “террор”.

Гурӯҳи “Толибон”, ки имрӯз дар Афғонистон ҳукуматро ба даст гирифтааст, аз тарафи аксари давлатҳои дунё гурӯҳи террористӣ дониста шуда, то ба ҳол ҳамчун ҳукумат эътироф нашудааст. Агар ба таърих баргардем мебинем, ки Роналд Рейган, собиқ президенти Амрико намояндагони ҳамин гурӯҳҳоро, дар соли 1983 мелодӣ ҳамчун озодихоҳ тавсиф намуда буд. “Тамошои муборизони далери озодихоҳи афғон бо силоҳҳои одӣ, барои дӯстдорони озодӣ илҳомбахш аст. Далерии онҳо ба мо дарси бузург медиҳад, ки дар ҷаҳон чизҳое ҳастанд, ки сазовори дифоъ ҳастанд“,-гуфта буд дар яке аз суханрониҳояш. ( www.presidency.ucsb.edu)

Ҳукумати Шуравӣ ба гурӯҳҳои ба гуфтаи амрикоиҳо озодихоҳ, тамғаи “душман”-ро барчасп намуда, муддати бист сол бо онҳо дар набард буд. Задухӯрдҳое дар сарзамини Республикаи Демократии Афғонистон (РДГ) анҷом меёфт. Муҳориба байни қушунҳои лашкари советӣ ва ҳукумати Афғонистон аз як тараф ва аз ҷабҳаи дигар отрядҳои мусаллаҳи муҷоҳидони афғон, ки аз тарафи НАТО – пеш аз ҳама Амрико, дастгири меёфт, ба амал омад. (histrf.ru/read/articles/afghanskaia-voina)

Аҷиб ин аст, ки ҳукумати Амрико баъд аз 40 сол нисбати ҳамин миллати “озодихоҳ” бо услуби тамоман дигар бархӯрд намуда, ҳукми  “террорист”-ро нисбати онҳо содир намуд ва ҳатто номи амалиёташро “озодӣ пойдор” гузошт. Пас аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 Вашингтон амалиёти таҷовузи Афғонистонро оғоз кард. Амалиёти мазкур 7 октябри соли 2001 бо баҳонаи пинҳон будани Усома бин Лодин ва раҳбарони дигари Ал-Қоида дар Афғонистон оғоз шуд. Ин амалиёт, ки 20 сол давом ёфт, аз тарафи кишварҳои узви НАТО пуштибонӣ ёфт. (www.aa.com.tr/ru)

Томас Ҷонсон, профессори Мактаби олии баҳрии ИМА дар мусоҳиба бо Бахши русии Би-би-сӣ мегӯяд: “Мо ноком шудем, зеро Афғонистонро ҳеҷ гоҳ нафаҳмидем. Иёлоти Муттаҳида як лӯхтакро (дар курсии президентӣ) гузошт ва ба дигаргунсозии номатлуби ҷомеа оғоз кард, ҳамон тавре ки СССР 30 сол пеш чунин карда буд”. (www.bbc.com/russian/features)

Меравем ба суроғи яке аз абарқудратҳои дигари дунё, ки бо баҳонаи “террор” миллионҳо нафарро зулму шиканҷа намуда, зери “тарбия” гирифтааст. Чин ба он муттаҳам мешавад, ки садҳо ҳазор мусалмонро бидуни додгоҳ дар вилояти Шинҷони ғарбии Чин нигоҳ доштааст. Давлати Чин ин иддаоро рад карда мегӯяд, мардум ихтиёран аз “мактабҳои бозомӯзӣ” барои муқобила бо терроризм ва ифротгароии динӣ мегузаранд.

Модари аз тифл ҷудое қисса мекунад: “Ҳар шаб ҳангоми хоби кӯдаконаш бо чашмони гирён, аз кӯдаки сесолааш ғоибона узр мепурсад, ки чаро туро танҳо мондам”. Вақто ки оилаи онҳо аз Пекин сафар мекард, полисҳо тифли хурдсол ва шавҳари ин занро аз сафар манъ карданд .Вай бо 4 фарзанди дигараш ба Истанбул омаданд ва то ҳол  намедонад, ки шавҳару фарзанди хурдсолаш зиндаанд ё дигар дар қайди ҳаёт нестанд.(www.bbc.com/russian/resources/idt-sh/China_hidden_camps_russian)

Чунки нафарони дар “тарбия”-буда, ҳуқуқи тамос гирифтан бо наздиконашонро надоранд, то вақто ки “ботарбия” нашаванд ва оилаҳои зиёде ҳастанд, ки мисли ин модар солҳост аз пайвандонашон хабаре надоранд ва ин намуди муомила нисбати зиндониён, дар ягон нуқтаи дунё ба назар намерасад.

Ин ҳам яке аз садҳо мисолҳоест, ки мусалмонони бегуноҳи уйғур қурбонии барчаспи “террор”ва “терроризм” мешаванд.

“Ончи ки дар Чин руй дода истодааст, бераҳмии соф аст. Зулми мусулмонони уйғур баъзе аз ҷиноятҳои бадтарин алайҳи башарият, дар таърихро ба ёд меорад. Мо дар ИМА бояд онҳоро комилан ба ҷавобгарӣ кашем”,- мегӯяд намояндаи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Илҳон Умар.

Маъракаи Ҳизби коммунистии Чин барои аз байн бурдани ақаллиятҳои этникӣ боиси боздошти иҷбории беш аз 2 миллион уйғур шуд, ки аз соли 2017 ба ин сӯ ба ҳабс гирифта шудаанд. ( https://uyghurnextgen.org)

Намунаи дигаре, ки стандарҳои дугонаи терроризмро бештар равшан мекунад, ин амалкардҳои давлати Исроил ба ҳисоб меравад. Ширин Абуоқил, рӯзноманигори “Ал-Ҷазира” дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни исроилӣ 11.05.2022 кушта шуд. Ҳукумати Исроил худро бегуноҳ шумурда, амалкардашро бо ибораи “мубориза бо терроризм” гӯё асоснок кард. (bbc.com/russian/features)

Аксаран ҳукумати Исроил мубориза бо Ҳамосро, ки созмони террористӣ медонад, асос қарор дода, шаҳрвандони осоиштаро ҳадаф мегирад, дар сурате, ки фақат чанд давлате ин созмонро террористӣ мешуморанд. Додгоҳи Аврупо Ҳамосро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ кард ва давлатҳое, ки ин созмонро террористӣ меҳисобанд, аз Исроил, ИМА, Канада, Ҷопон иборат буда, ҷиноҳи низомии ин созмонро Британия ва Австралия террористӣ мешуморанд. (www.gazeta.ru)

Amnesty International дар гузориши навбатиаш мегӯяд, мақомоти Исроил бояд барои содир кардани ҷинояти апартеид алайҳи фаластиниҳо ҷавобгар бошанд. Таҳқиқот байён менамояд, ки чи гуна Исроил аз низоми зулм ва ҳукмронӣ бар фаластиниён дар ҳар ҷое, ки қудрати маҳдуд кардани ҳуқуқҳои онҳоро дорад, истифода мекунад, ҳато нисбати гурезаҳои овора дар дигар кишварҳо. (eurasia.amnesty.org)

Метавонем мисолҳои зиёде нисбати бархӯрди дугона (дустандартӣ) нисбати мафҳуми “террор” ва “терроризм”-ро рӯи варақ орем, локин ба хонандаи ҳушманд “ишорае кифоя” гуфта, ба зикршудаҳо иктифо менамоем. Фақат ҳаминро қайд карданием, ки ҳангоми хондани матлабҳо ва дидани наворҳо нисбати ин ё он гурӯҳ ё шахсиятҳо, ба як манбаъ иктифо накарда, ҳодисаҳоро аз воситаҳои ахбори гуногун пайгирӣ бояд кард.

Чуноне дар боло ишора намудем, гурӯҳе дар назари ҳукумате “золим” ва дар назари дигарон “мазлум” тавсиф мешавад ва барои шинохти воқеъият, хоссатан дар давлатҳои мисли Тоҷикистон, ченакҳои адолатро сармашқ гирифта, таҳлили одилона намудан лозим. Чунки дар ин гуна давлатҳо ҳар озодандешу ватандӯст барои ҳукуматдорон “террорист” буда, бе қайду банд ва бо туҳматҳои сохта, равонаи зиндон карда, ба ӯ тамғаи “хоини миллат” часпонда мешавад.

Идома дорад…

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.