Тарси зиндонбонон аз рӯзноманигорони зиндонии сиёсии Тоҷикистон

Зиндонбонони Тоҷикистон аз тарси он, ки рӯзноманигорони зиндонии сиёсии кишварамон домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб бори дигар ба раҳбарияти олии Тоҷикистон нома нанависанд, онҳоро аз ҳам ҷудо карданд.

Сомонаи Радиои Озодӣ ба нақл аз Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб хабар додааст: “Ҳардуро озод карда, вале ба утоқҳои алоҳида бурдаанд, то ҳамдигарро набинанду суҳбат накунанд. Ҳоло дар утоқҳои гуногуни зиндон ҳастанд.”

Пеш аз ин АЗДО ТВ хабар дода буд, ки домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду тан зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳудуди ду моҳ дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанд, 9-уми январ озод ва ба макони муқаррарии худ интиқол дода шуданд.

Ин ду тан зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду моҳ пеш бо ирсоли номае аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои бознигарии парвандаашон дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ мусоидат кунад.

Дар он нома гуфта мешуд, онҳо гуноҳе надоранд ба ҷуз узви ҲНИТ будан, аз ин рӯ, хостори адолат шуданд. “Агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест.”,- омадааст дар номаи онҳо.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ таъкид намуда буданд, ки ба муносибати рӯзи Сарқонуни кишвар, ки Раҳмон худро кафили он медонаду пуштибони волояти қонун дар кишвар ҳисобида мешавад, хостаанд ӯро бо номаи кушод аз асли воқеаи ба сарашон омада дар ҷараён бигузоранд.

Мақомоти Тоҷикистон ва зиндонбонони Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ҷои расидагӣ кардан ба ин нома ва расонидани муҳтавои он ба Прзедент Эмомалӣ Раҳмон ин ду рӯзноманигори рӯзгордида ва пирамади зиндониро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода буданд.

Ба гуфтаи як коршиноси бахши ҳуқуқ дар Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, зиндонӣ кардани афрод ин худ як навъ шиканҷаи равонии онҳост, то ислоҳ шаванд, аммо вақте зиндониёнро аз наздик шудан ва ё дар тамос будан бо ҳасафони худ дар як муассисаи ислоҳӣ ба мисли зиндони шаҳри Ваҳдат манъ мекунанд, дар аксари ҳолатҳо ин ду иллат дорад: яке тарси мақомот аз вокуниши онҳо ва дигаре афзоиши шиканҷаҳои равонӣ алайҳи зиндониён мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...