33.9 C
Dushanbe

Изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алавӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ба мардуми селзадаи Покистон ба президенти ин кишвар Ориф Алавӣ барақияи тасаллӣ фиристод.

Дар тасаллиятномае, ки Хадамоти матбуоти Президети Тоҷикистон онро аз номи Эмомалӣ Раҳмон нашр карда, омадааст: “Хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Президенти Покистон гуфта, ки “ба Шумо, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям.”

Ин изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле баён шудааст, ки аз замони оғози борондагиҳои ахир дар Покистон ба қавли ББС то ҳол 1136 нафар ҳалок шудааст. Танҳо дар 24 соати гузашта 75 нафар ҷони худро аз даст дода ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст. Наздик ба 33%-и фавтидагонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Мақомоти покистонӣ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 миллион нафар аз ҷумлаи зарардидагон дониста мешаванд ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти онҳо беш аз 10 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, борондагиҳои зиёд қариб, ки тамоми Покистонро фаро гирифта ва аксаран онҳое зарар дидаанд, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ ва деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.