31.9 C
Dushanbe

Таъсиси маркази ҳамоҳангӣ барои ахбори дақиқи COVID-19 дар Тоҷикистон

Сурат: Азия-Плюс

Дар Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҷзияи иттилооти дақиқ аз бемории COVID -19 як маркази ҳамоҳангӣ таъсис гардидааст.

Бино ба навиштаи “Спутник” намояндаи дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Катрин Смолвуд, аз таъсиси маркази ҳамоҳангӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҷзияи иттилооти дақиқ аз бемории COVID -19 дар Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин марказ ба хотири муайян кардани омори дақиқи каронавирус дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Катрин Смолвуд мегӯяд:

“Ман авоили моҳи ноябр дар Тоҷикистон будам ва аз наздик бо иқдомоти Вазорати тандурустии ин кишвар барои муқобила бо густариши вируси корона ошно шудам. Агар маркази ҳамоҳангии мавриди назари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис шавад, мо метавонем ба итилои дақиқ аз вазъи COVID -19 дар ин кишвар огоҳии дуруст пайдо кунем”.

Дар идома Катрин Смолвуд гуфтааст, ки “ҳанӯз ҳам дар мавриди ирсоли иттилоот аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ дар бораи теъдоди беморон, афроди шифоёфтаву вазъи мубориза бо COVID -19 мушкилоте вуҷуд дорад”.

Доктор Олег Стороженко, корманди Ситоди намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бо таъсиси чунин марказ заминаи таҳияи иттилооти дақиқ аз теъдоди мубталоён ба COVID -19 ва тадбирҳои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.