Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони ҷумурӣ барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади фаъолияти кориро қабул кардааст.
Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия буда, пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд. Ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ меорад.
Аммо ба иддаои ҳукуматҳо ин созишнома “қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад”.
Гуфта мешавад, ин созишнома ҳанӯз 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.
Бояд гуфт, тасвиби ин созишнома дар ҳолест, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидааст ва муҳоҷирони тоҷик бо рейду бадрафторӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
