21.9 C
Dushanbe

Тавофуқи ахири Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар наздикии марзи ҳамдигар ҳеҷ бино ва иншооте насозанд ва чорвои ба қаламрави якдигар гузаштаро ба ҳамдигар баргардонанд.

Акс аз “ИНТЕРГАЗЕТА”

Тавре хабаргузории “Интергазета” иттилоъ медиҳад, ин тавофуқ рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми октябр дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки намояндагони идораҳои ҳудудӣ ва сохторҳои қудратӣ ба даст омадааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар манотиқи баҳсии марзӣ ҳеҷ гуна иншоот бунёд накунанд, чорвоеро, ки аз хатти марзии шартӣ убур карда, дар қаламрави яке аз кишварҳо бимонанд, баргардонда шаванд ва барои мубориза бо қочоқ кори муштарак анҷом диҳанд. Масъулияти ин амалҳои якҷоя ба дӯши шӯъбаҳои Хадамоти марзбонӣ дар вилоятҳои Суғд  ва Бодканд гузошта шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбарони вилоятҳои ҳаммарзи Исфара ва Бодканд барои ҳалли мушкилоти об ҷаласаи алоҳида баргузор карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои муайян кардани мушкилот дар он минтақаҳо якҷо бозрасӣ хоҳанд кард.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иддао кард, ки Мурғобро бояд Тоҷикистон ба онҳо бидиҳад. Ин иддаои ӯ дар ҷомеаи тоҷик вокунишҳои тундеро ба бор овардааст.

То ҳол дар бораи иддаои Ҷабборов мақомоти тоҷик расман чизе шарҳ надодаанд. Аммо сухангӯи Президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ба расонаҳо гуфт, сухани Ҷабборов таҳриф шудааст. Ба гуфтаи Султонбоев касоне ҳастанд дар миён, ки мехоҳанд байни Тоҷикистону Қирғизистон низоъ андозанд ва ба ин хотир суханони Ҷабборовро дар мавриди марз “таҳриф” карданд.

Аммо Султонбоев дақиқ нагуфтааст, ки кадом сухани Президенти Қирғизистон ва куҷои суханронии ӯ маҳз таҳриф шудааст. Ин дар ҳолесте, ки Содир Ҷабборов рӯзи 23-уми октябр ба расонаҳо гуфт, “Тоҷикистон иддаои бозпас гирифтани 21 ҳазор гектарро аз вилояти Бодканд мекунад. Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем, биёед онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ намешаванд.” Аммо ин иддаъои Ҷабборовро мақомоти Тоҷикистон пурра рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.