26.9 C
Dushanbe

Тазоҳуроти олмониҳо ба хотири ихроҷ накардани Абдуллоҳи Шамсиддин

Ҷамъе аз олмониҳо аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз ҳамкорон ва дӯстону наздкони олмонии паноҳҷӯи тоҷик ва фаъоли ҷомеаи маданӣ Абдуллоҳи Шамсиддин бо баргузории як тазоҳурот дар шаҳри Дортмунд аз мақомоти Олмон хостанд, ки ӯро ихроҷ накунанд.

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе доштанд, ки хулосаи тамоми онҳо ин буда, ки набояд паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон фиристода шавад, зеро бо таваҷҷуҳ ба парвандаҳои дигар паноҳҷӯёни ихроҷшуда, маълум нест, ки ӯро чӣ сарнавиште интизор аст?

Дар ҷамъи ин эътирозгарон корфармои Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам ҳузур дошта, бо садои баланд ва шиоре дар дасташ мегӯяд: “беҳтарин коригари моро ба қассобхона (яъне баТоҷикистон) нафиристед!

Инчунин дар байни ин тазоҳуротгарон Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ ҳам ҳузур доштааст. Ба қавли ӯ, ин тазоҳурот бо ибтикори худи олмониҳо ва дар раъси онҳо корфармо, ҳамкорон ва шиносҳои олмонии писараш қарор доштаанд.

Инчунин бархе олмониҳо бо нашри туморе дар Интернет аз дигар шаҳрвандони олмонӣ ва сокинони ин кишвар хостаанд, ки чун маълум нест, пас аз ихроҷ чӣ сарнавиште бар сари ин паноҳҷӯи тоҷик дар Тоҷикитон меояд, эътирози худро ба ин ҳукми додгоҳ ва қарор мақомот баён кунанд, то Абдуллоҳи Шамсиддин ихроҷ нашавад.

Гуфта мешавад, Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи 32-солаи тоҷик дар Олмон аст, ки айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад ва мақомоти ин кишвар қасди ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон доранд. Вай писари Шамсиддини Саид, яке аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва доронадаи мақоми паноҳангадии сиёсӣ дар Олмон мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба ин кишвар

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.