17.9 C
Dushanbe

Тихановская аз ИА хост натиҷаҳои интихоботи 9 августи Белорусро эътироф накунанд

Акс аз кадри видеои YouTube

Светлана Тихановская, номзади мухолифин ба мақоми президенти Белорус аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ даъват кардаст, ки натоиҷи интихоботи 9-уми августи ин кишварро эътироф накунанд.

“Ман аз шумо даъват мекунам, ки натоиҷи тақаллубии интихоботро эътироф накунед”, – гуфтааст ӯ дар як муроҷиати видеоии худ дар шабкаи YouTube. Ин муроҷиати ӯ ба забони англисӣ садо додааст.

Тихановская мегӯяд: “Барои онки ба таҳвили мусолиматомези ҳукумат дар кишвари ман мусоидат шавад, ман ибтикори ташкили Шӯрои ҳамоҳангии миллии Белорусро анҷом додам, ки ҷараёни интиқоли сулҳомези қудратро тавассути музокира роҳбарӣ кунад”.

Ба гуфтаи Тихановская “Шӯро масъалаи баргузории фаврии интихоботи нави ҳақиқӣ ва демократии раиси ҷумҳуриро таҳти назорати мушоҳидони байналмилалӣ дар миён мегузорад”.

Вай ҳамчунин лидерони давлатҳои Аврупоро даъват кардааст, ки “усули ҳуқуқи байналмилалӣ,мустақилияти Белорус ва интихоби мардуми белорусро эҳтиром бигзоранд”.

Айни замон Тихановская дар Литва қарор дорад. Муроҷиати ӯ дар арафаи баргузории саммити таъҷилии Иттиҳоди Аврупо дар робита ба вазъияти Белорус, ки дар шакли видеоконфаронс қарор аст рӯзи ҷумъа доир шавад ба нашр расидааст.

Шӯрои ҳамоҳангии миллии Белорус рӯзи сешанбе ташкил ёфт.Ҳайати он иборат аз 70 нафар аст ки умдатан аз намояндагони мухолифин таркиб ёфтааст. Ҳадафи он интиқоли сулҳомези  ҳукумат дар ҷумҳурӣ аст.

Александр Лукашенко таъсиси шӯрои мазкурро талоши оппозитсия барои ғасби ҳокимият талаққӣ кардааст.

Даъвати Тихановская дар ҳоле расонаӣ мешавад,ки лидерони кишварҳои урупоӣ натоиҷи интихоботи Белорусиро рад ва худи ӯро персона нон грат эълон карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.