Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Марзбонони кирғиз сӯйи чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар марз тир кушоданд.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, 7-уми сентябри соли ҷорӣ, марзбонони қирғиз тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии деҳаи Ак-Босогои ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкант чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дидаанд, ки дар қаламрави Қирғизистон чорво мечаронданд.

Марзбони қирғиз иддао кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба талаби онҳо дар бораи тарки қаламрави Қирғизистон беэътиноӣ карда ва ба тарафашон санг партоб карданд ва яке аз чӯпонҳо гӯё ба сӯи марзбони Қирғизистон ду-се тир холӣ кардааст, аммо аз марзбони қирғиз касе осеб надидааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ташдиди вазъ марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушодаанд.

Аммо тибқи маълумотҳои таъйиднашуда, яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса аз пояш захмӣ шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, маълум нест, ки ин шахс дар кадом ҳолат захмӣ шудааст, зеро кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон танҳо як аксро пешниҳод кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон мисли ҳарвақта то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, вазъ дар марз муътадил буда, бояд дар соатҳои наздик мулоқоти намояндагони марзбонии ҷонибҳо сурат бигирад.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам садҳо километр марзи муштарак доранд ва нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Вақтҳои охир дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд вохӯрии гурӯҳҳои корӣ дар масъалаи марз баргузор мешавад ва охирин нишаст дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Пештар аз ин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саимумин Ятимов гуфта буд, ки то ин дам ҷонибҳо ба таъйин ва аломатгузории беш аз 90% хати марзи муштараки ду кишвар, ки дар маҷмуъ 987 км-ро ташкил медиҳад, ба мувофиқа расидаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, нуқтаҳои муайян нашудаи марзи ду кишвар камтар аз 100 километр боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешуд, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд то моҳи марти ҳамин сол ба поён мерасад, вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.