Тирпаронӣ миёни нерӯҳои КДАМ ва ВКД дар Тоҷикистон

Дар марз бо Афғонистон миёни нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тирпаронӣ сар задааст.

Ин ҳодиса соати 1-и шаби 6-уми апрел дар наздикии роҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ноҳияи Дарвоз рух дода, нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон як афсари ВКД-ро захмӣ ва ду корманди дигари ин ниҳодро дар назди як махфигоҳи маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти чанд рӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо манобеи Радиои Озодӣ онро тасдиқ карда, “як нофаҳмии калон” номиданд.

“Се корманди Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ВКД бо ҳадафи анҷоми амалиёт дар марз бо Афғонистон қарор доштанд ва марзбонон онҳоро кочоқчӣ гумон карда, ба сӯяшон оташ кушодаанд” – гуфтааст манбаъ.

Дар натиҷаи тиркушоӣ майор Д.М., корманди ВКД аз пой ва шикамаш захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бистарӣ шудааст. Аммо полковник Ф.Ш. ва подполковник Н.Қ. дастгир шуда, ба боздоштгоҳи КДАМ ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин ҳодисаро Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиш дорад ва КДАМ ду корманди боздоштшудаи ВКД-ро раҳо накардааст.

Кормандони ВКД ба тафтишот гуфтаанд, ки онҳо аз пайдо шудани як махфигоҳи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар гирифта, барои пайдо кардани он рафта буданд, вале аз сӯи марзбонон тирборон шуданд.

Аммо нерӯҳои марзбонии КДАМ гуфтаанд, ки ба онҳо хабар расид, ки дар ин минтақа миёни кочоқбарон додугирифт хоҳад шуд, вале онҳо намедонистанд, ки як тараф кормандони ВКД ҳастанд.

“Онҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, шабона мошини “Мерседес Бенс”-и ношиносро дар нуқтаи мамнӯи марзӣ дида, хостанд, ки онро тафтиш кунанд, вале итоат накарданд. Марзбонон гуфтаанд, ки ҳеч ниҳоде бе мувофиқа бо КДАМ ҳаққи анҷоми амалиёт дар марзро надорад, аз ин рӯ, онҳо аз рӯи қонун амал кардаанд,” – гуфтааст манбаи огоҳи Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, тирпанронӣ миёни нерӯҳои қудратии кишвар бесобиқа буда, ҳодиса дар минтақае рух додааст, ки онро як роҳи кочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон медонанд ва борҳо дар он ҷой миёни марзбонон ва кочоқбарон задухӯрд сурат гирифтааст.

Аммо коршиносони тоҷик иқдоми КДАМ-ро дуруст шуморида, мегӯянд, амали нерӯҳои ВКД шубҳанок менамояд. Зеро, дар нуқтае, ки задухӯрд сурат гирифтааст, онҷо нуқтаи фаъолияти нерӯҳои марзбонӣ аст на нерӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ. Ин ҳодиса эҳтимоли даст доштани қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ВКД-ро бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.