21.9 C
Dushanbe

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, афроди кушташуда қочоқбарони маводи мухаддир ва шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз “ба даъвати таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.”

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт як шаҳрванди дигари Афғонистон тавонистааст аз ҷойи ҳодиса фирор кунад. Ҳукумати Толибон то ҳол вобаста ба ин ҳодиса изҳороти расмӣ ироа накардааст.

Нерӯҳои мазбонии кишвар мегӯяд, аз ҷойи ҳодиса ду силоҳи навъи “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тир, як камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти марбута, маводи мусодирашуда навъи “ҳашиш” буда, вазни умумии он тақрибан 25 килоро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишотро аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла “қочоқи маводи мухаддир” ва “гардиши ғайриқонунии силоҳ” оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дарозтарин марзи муштаракро дорад. Дар ин марз ҳолатҳои убури ғайриқонунӣ, даргириҳои мусаллаҳона бо қочоқбарон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ зиёд ба қайд гирифта мешавад.

Мақомот таъкид мекунанд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.