2.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳам барқ мефурӯшад

Тоҷикистон тасмим гирифтааст қисме аз барқи истеҳсолшуда аз Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо нархи арзонтар ба Қазоқистон фурӯшад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи фурӯши нерӯи барқ ба Қазоқиистонро нарш кард. Бино ба иттилои расмӣ, 2-юми ноябри соли 2024 Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетикаро бо Ҳукумати Қазоқистон имзо кард.

Таъкид мешавад, ки созишномаи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нерӯи барқ, тақвияти амнияти энергетикӣ, гузариш ба технологияҳои экологии тоза ва коҳиши партовҳо нигаронида шудааст.

Бар асоси созишнома, нерӯи барқ аз Тоҷикистон тавассути хатҳои барқи байнидавлатӣ ба Қазоқистон интиқол ёфта, эҳтиёҷоти энергетикии Қазоқистонро дар давраҳои камбуди барқ фаро мегирад.

Созишнома барои 20 сол баста мешавад ва дорои бандҳо ва шартҳои зиёд аст, ки ҳуқуқҳои ҳар ду ҷонибро дар масъалаҳои фаннӣ ва молиявӣ дар бар мегирад. Тибқи бандҳои созишнома, имкони тамдид кардани он барои 10 соли дигар низ вуҷуд дорад. Инчунин барои ҳалли ихтилофҳо маркази байналмилалии арбитражи Сингапур (SIAC) ҳамчун макони арбитражӣ таъйин шудааст.

Тибиқ ин созишнома қарор аст, Тоҷикистон ба муддати 20 сол 1 кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун”-ро бо нархи 0,034 доллари амрикоӣ, муодили 36 дирам ба Қазоқистон фурӯшад. Инчунин тибқи ин қарордод, Тоҷикистон муваззаф аст, ки нерӯи барқи фурӯшии худро то марзи Қазоқистон бирасонад.

Дар ҳоли ҳозир, сокинони Тоҷикистон 1 кВт соат нерӯи барқро дар дохили кишвар бо ҳамин нарх, яъне 36 дирам мехаранд. Аммо, таҷриба нишон додааст, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар як сол то ду маротиба ҳам нархи барқ ба мардумро қиматтар кардааст.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, ин ба ин маъност, ки интиқоли нерӯи барқ аз тариқи кишварҳои сеюм ба мисли Узбекистон ва ё Қирғизистон сурат мегирад. Тоҷикистон барои интиқол (транзит)-и он аз қаламрави кишварҳои сеюм вазифадор аст, ки ҳаққи иҷора ва ё истифода аз хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи кишварҳои ҳамсояро ҳам пардохт кунад. Дар он сурат, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки нархи ҳар 1 кВт соат нерӯи барқи фурӯшӣ ба Қазоқистон то 10-15% коҳиш ёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар шароите ин иқдомро пеш гирифтааст, ки сокинони кишвар солона аз 7 то 8 моҳ ва хусусан дар фаслҳои сарди сол дар як шабонарӯз камтар аз 10 соат бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Вале дар чунин шароити сахт боз ҳам Ҳукумат намхоҳад мушкилоти аввалиндараҷаи мардуми худро бартараф кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.