Мақомоти воломақоми Эрон аз тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон хостанд, ки дар Чобаҳори ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.
Имрӯз, 15-уми январи соли 2025, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон, ки ҳамроҳи президенти ин кишвар Масъуд Пизишкиён дар Тоҷикистон ҳузур доранд, хостори сармоягузории тоҷирону соҳибкорони тоҷик дар Эрон шудааст.
Хонум Фарзона Содиқ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта, ки яке аз ҳадафҳои ин сафар матраҳ кардани пешниҳдои сармоягузории “тарафи Тоҷикистон” дар Чобаҳор аст.
Эрон тайи солҳои ахир талошҳои зиёде анҷом дода, ки то сармоягузорони хориҷиро ба ин минтақаи навобод ҷалб кунад. Бо Ҳиндустон дар ин бора тавофуқотеро анҷом додааст, аммо баъд аз ҳодисаҳои 15 моҳи ахир дар Ховари Миёна бо интиқодҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Чун ки Эрон дар ин набардҳои ахир аз гурӯҳҳои фаластинӣ, лубнонӣ, ироқӣ ва яманӣ ҳимоят мекунад ва Ҳиндустон аз Исроил.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Эрон қасад дорад дар ояндаи наздик пойтахти худро ҳам ба минтақае наздик ба он интиқол диҳад, ба ҳамин хотир ҳоло худро ба ҳар даре мезанад, то ҳар чӣ зудтар ин минтақаи соҳилибаҳриро обод кунад.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ӯро дар фурӯдгоҳ истиқбол кард ва бо ҳам гуфтугӯи кӯтоҳе доштанд.
Пас аз раисҷумҳур итихоб шудани Масъуд Пизишкиён дар Эрон бори якум аст ба Тоҷикистон сафар мекунад ва қарор аст ин сафар то рӯзи 17-уми январ идома кунад.
Қарор аст дар ин сафар зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо имзои шумори зиёди “санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷорию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ дар назар аст.”