Тоҷикистониён барои визаи ИМА метавонанд то 20 ҳазор доллар гарав супоранд

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барномаи гарави раводид (Visa Bond Program)-ро ба таври доимӣ ҷорӣ кард.

Бар асоси қоидаҳои нав, шаҳрвандони 50 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳангоми дархости визаҳои сайёҳӣ (B-2) ё тиҷоратӣ (B-1) имкон дорад барои пардохти маблағи гарав ҳамчун шарти гирифтани виза муваззаф шаванд.

Тибқи санади нави мақомоти ИМА, кормандони консулгарӣ вобаста ба ҳар як парванда метавонанд аз довталабон 10 ҳазор, 15 ҳазор ё то 20 ҳазор доллар гарави бозгардонидашаванда талаб кунанд. Ин маблағ танҳо дар ҳолатҳое ситонида мешавад, ки корманди консулгарӣ онро зарур шуморад ва он ба ҳамаи муроҷиаткунандагон яксон татбиқ намегардад.

Мақомоти ИМА мегӯянд, ҳадафи ин иқдом коҳиш додани ҳолатҳои аз муҳлати иҷозатдодашуда зиёд мондани шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Амрико ва баланд бардоштани риояи талаботи муҳоҷиратӣ мебошад.

Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар соҳиби виза тамоми шартҳои будубошро риоя карда, дар муҳлати муайяншуда Иёлоти Муттаҳидаро тарк кунад, маблағи гарав пурра баргардонида мешавад. Аммо дар сурати вайрон кардани шартҳои виза, ин маблағ метавонад мусодира гардад.

Барномаи гарави виза аз 3-юми августи соли 2026 расман ба таври доимӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Пеш аз ин, он ҳамчун барномаи озмоишӣ амал мекард ва ҳадди ниҳоии гарав 15 ҳазор доллар буд. Қоидаҳои нав ҳадди аксари гаравро то 20 ҳазор доллар боло бурдаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки талаботи нав метавонад барои баъзе шаҳрвандони кишварҳои шомили рӯйхат, аз ҷумла Тоҷикистон, гирифтани визаи сайёҳӣ ё тиҷоратии Амрикоро душвортар ва хароҷоташро бештар кунад. Дар айни замон, мақомоти ИМА таъкид мекунанд, ки гарав танҳо барои парвандаҳои муайян талаб мешавад ва ин талабот ба ҳамаи довталабон дахл надорад.

Кишварҳое, ки ба ин қонун шомил шудаанд, инҳо мебошанд: Тоҷикистон, Алҷазоир, Ангола, Антигуа ва Барбуда, Бангладеш, Бенин, Бутан, Ботсвана, Бурунди, Кабо-Верде, Камбоҷа, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Кот-д’Ивуар, Куба, Ҷибутӣ, Доминика, Эфиопия, Фиҷи, Габон, Гамбия, Гурҷистон, Гренада, Гвинея, Гвинея-Бисау, Қирғизистон, Лесото, Малави, Мавритания, Маврикий, Муғулистон, Мозамбик, Намибия, Непал, Никарагуа, Нигерия, Папуа Гвинеяи Нав, Сан-Томе ва Принсипи, Сенегал, Сейшел, Танзания, Того, Тонга, Тунис, Туркманистон, Тувалу, Уганда, Вануату, Венесуэла, Замбия ва Зимбабве.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.