13.9 C
Dushanbe

Дар ОМ аз ҳама зиёд Тоҷикистон журналистонро зиндонӣ кардааст

Кумитаи дифоъ аз журналистон дар гузориши нави худ Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани журналистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дод.

Ин гузориш таҳти унвони “Шумори журналистони зиндонӣ ба рекорди нав расид”, рӯзи 14-уми декабри соли ҷорӣ нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон шаш журналистро паси панҷара кард ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин назар дар ҷои аввал қарор гирифт”.

Ба навиштаи ин кумита, ҳамаи рӯзноманигорон на дар толорҳои додгоҳ, балки дар боздоштгоҳҳо ва пушти дарҳои баста муҳокима шуда, дар пайи шиканҷа ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар миёни ҳамаи кишварҳо дар ҷойи дувоздаҳум қарор дорад. Дар ин рӯйхат Эрон дар ҷойи аввал қарор гирифтааст, зеро ба гуфтаи ин созмон, пас аз тазоҳуротҳои ахир дар ин кишвар мақомоти он 62 рӯзноманигорро боздошту зиндонӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Созмони байналмилалии “Хабарнигорони Бидуни Марз” бо нашри як гузориш гуфтааст, ки дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон 533 хабарнигор дар боздошт қарор дорад, ки 78 нафарашон зан мебошанд. Инчунин дар соли ҷорӣ  57 нафар рӯзноманигори дигар кушта шуда, 65 хабарнигор дар асоратанд ва 49 нафар бедарак шудаанд.

Котиби генералии ин созмон Кристоф Делуар мегӯяд, ки “Диктаторҳо ва режимҳои авторитарӣ зиндонҳои худро бо рӯзноманигорон бошиддат пур мекунанд. Сабти нави шумораи онҳо зарурати фаврии муқовимат ба ин қувваҳои нопокро нишон дода, бояд бо ҳамаи онҳое, ки идеали озодӣ, истиқлолият ва плюрализми иттилоотиро ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамраъии фаъолона карда шавад”.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус дар соли ҷорӣ чанд тан аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон, аз ҷумла Мэри Лоулор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сармуҳосиби беморхона ба иттиҳоми дуздии беш аз як млн сомонӣ боздошт шуд

Сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо иттиҳоми тасарруфи маблағи зиёди буҷети давлатӣ боздошт шудааст.

Низоми нави назорати вазни мошинҳои боркаш дар даромадгоҳҳои Душанбе

Дар роҳҳои воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аз самтҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои махсус барои санҷиши вазни мошинҳои боркаш бунёд карда мешаванд.

Тоҷикистон талош дорад ба маркази транзитӣ дар минтақа табдил шавад

Тоҷикистон метавонад дар оянда ба яке аз нуқтаҳои муҳими пайвасткунандаи роҳҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Осиё табдил ёбад.

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.