31.9 C
Dushanbe

Симхоркашӣ.Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон ҳисор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Ин ниҳод 29-уми апрели соли ҷорӣ хабар дод, ки марҳилаи аввали амалии кор дар минтақаи марзии Бодканд дар нуқтаи пайвастшавии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон шуруъ гардида, девори хордор дар марзи ду кишвар насб мешавад.

Абдукарим Алимбоев, директори Хадамоти сарҳадии Қирғизистон қайд мекунад: “Ин як қадами муҳим барои ҳарду кишвар мебошад.”

Ӯ мегуяд, мақсади ин кор таҳкими амният ва субот дар минтақаи сарҳадӣ аст ва Хадамоти сарҳадӣ барои анҷоми корҳои зерсохтии ин барнома дар муҳлати муаяншуда талош хоҳад кард.

Ба гуфтаи расонаҳо, як урдугоҳи майдонии муваққат дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, бо тамоми асбобу васоили лозима муҷаҳҳаз аст, то аз нерӯҳои корӣ пуштибонӣ кунад.

Гуфта мешавад, марҳилаи аввали ин тарҳ 420 километр деворсозӣ дар марз мебошад. Инфрасохтор шомили коргузории маделбардорҳои 3-буъдӣ, насби симҳои хордор ва печхӯрда аст, то як системаи амниятии чандсатҳӣ барои сарҳад сохта шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангези марзи муштараки байни ин ду кишвар солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандон аз ду тараф сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Ва ахиран дар моҳи марти соли ҷорӣ раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаи тарафайнро имзо карданд ва ба он расмият бахшиданд.

Ду кишвар бар асоси шартномаи соли 1991 музокира анҷом доданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, шартномаи соли 1991 бар зарари Тоҷикистон тамом шудааст ва Тоҷикистон бояд бар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 созиш мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.