22.9 C
Dushanbe

Барқи Тоҷикистон ба берун содир мешавад, вале сокинонаш бебарқанд

Тоҷикистон дар даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш 101 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кардааст. Аммо аҳолии кишвар аз набуди барқ сахт ранҷ мекашанд.

Акс аз Азия-Плюс

Avesta.tj дар истинод ба оморҳои расмии кишвар хабар медиҳад, ки дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 10,7 дарсад бештар нерӯи барқ содир шуда, ҳиссаи нерӯи барқ 5,7 дарсади ​​ҳаҷми умумии содироти Тоҷикисонро дар ҳамин давра ташкил додааст.

Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба маблағи беш аз 91,3 миллион доллар ба хориҷ нерӯи барқ содир кардааст.

Мувофиқи созишномаҳои басташуда, Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбекистон (дар давраи баҳору тобистон, май-август) нерӯи барқ ​​медиҳад.

Гуфта мешавад, даромад аз содироти нерӯи барқ ​​дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи қаблӣ 13 баробар – аз 17,1 миллион доллар то 1,3 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Тибқи қарордоде, ки бо ширкати афғонистонии барқии “Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)” баста шудааст, Тоҷикистон ба Афғонистон дар фасли тобистон дар як шабонарӯз то 400 МВт ва дар фасли тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) то 40 МВт нерӯи барқ медиҳад.

Бар асоси ин созишнома, Тоҷикистон дар соли 2022 бояд ба Афғонистон 1,5 миллиард киловатт-соат, ки арзиши ҳар киловатт-соат нерӯи барқ 4,67 сент муайян шудааст, содир кунад.

Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 16 миллиарду 342,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ тавлид шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 460,6 миллион кВт/соат бештар аст.

Бо вуҷуди бештар тавлид шудани нерӯи барқ ва дар фасли сармо кам содир шудани он ба хориҷ, сокинони манотиқи гуногуни кишвар аз набуди барқ дар ноҳияҳояшон ва ҷорӣ шудани лимит аз моҳи сентябр шикоят доранд. Ва суоли матраҳ миёни сокинони кишвар ин аст, ки барқи тавлидшудаи нерӯгоҳҳо агар ба хориҷ кам содир мешавад, боқимондаи он куҷо мешавад?

Яке аз корбарони шабаҳои иҷтимоӣ аз набуди барқ шикоят карда навиштааст, ки “Дар ҳамин шаҳр ШАҲРДОР ҳаст ё не? То кай мардум аз ин гуна ҳиллаи шабакаҳои барқӣ азоб мекашанд? Мардум дар хона як бемор, одами пиронсол, кӯдаки навзод доранд, наход ҳар рӯз садама шавад, боз дар шаб, шахсан ман кӯдаки 2 моҳа дорам азоб кашида истодаем. Фикри мардумро намекунед? Як рӯз мехезӣ обаш нест, дигар рӯз барқаш!”

Инчунин Омар Амониён, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки “Мантиқи мебуд агар “Барқи тоҷик”-ро “Барқи торик” ном мекардем. Ҳам ба фаъолияти ин ширкат мутобиқ мебуду ҳам номи “тоҷик”-ро аз ин сиёҳкорӣ берун мекашидем”.

Ба чунин монанд навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёранд, ки аз мушкилоти бебарқӣ дар кишвар мегӯянд.

Дар бештари ҳолатҳо мақомот вуҷуди маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро рад мекунанд ё онро ба корҳои таъмиру бозсозӣ рабт медиҳанд.

Вале Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамеша дар паёмҳояш аз афсона шудани лимити барқ мегуфт, рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ вақти суханронӣ дар назди фаъолону раҳбарони шаҳри Норак ғайричамдошт эътироф кард, ки дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ вуҷуд дорад ва аз сокинону корхонаҳо хост нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд. Раҳмон маҳдудиятро муваққатӣ номида, ҷорӣ шудани онро ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ гуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.