31.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон дар шохиси озодии матбуот дар зинаҳои поинтарин қарор гирифт

Бино ба гузориши ахири созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, Тоҷикистон аз нигоҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвари дунё бо 40,26 хол дар ҷои 152-ум байни Судону Белорус қарор гирифтааст.

Ин созмон бо нашри гузориши худ аз мақомоти Тоҷикистон хостоааст, ки аз эҷоди фазои тарс, ки ҷуръати интиқод аз ҳукуматро боз медорад, даст бардорад ва рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндониро фавран озод кунад.

Ниҳоди мазкур ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба он айбдор карда, ки дар баробари ғайриқонунӣ таъқибу боздошт намудани журналистон инчунин талабу дархост ва вуҷуди ниҳодҳои байналмилалиро нодида мегирад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукми Абдуллоҳи Ғурбатӣ 4-уми октябр дар ҷараёни сафару боздиди намояндаи Сомони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) хонум Тереза Рибейро эълон шуд, ки ин баёнгари беэътиноии Ҳукумат нисбат ба ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, номаҳое, ки рӯзноманигорон аз дохили зиндон навишта ва аз шиканҷаву бо зӯрӣ эътироф гирифтани мақомот нақл кардаанд, ин ҳама гувоҳи “фазои террори президент Раҳмон аст”, ки ба таъқиби рӯзноманигорон мусоидат мекунад ва онҳоро ба сензура ташвиқ мекунад.

Ҳамчунин дар ин гузориш зикр гардида, ки аз соли 2021, замоне, ки сензураи ҳукумат дар телевизион ва радио ҷорӣ шуд, мақомот журналистикаи мустақилро ба шиддат саркӯб мекунанд. .

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мутсақили Тоҷикистон ба ин созмон изҳор дошта, ки “мақомот кӯшиш мекунанд афкори ҷомеаро пурра зери назорат бигиранд. Ин амалҳо дар ниҳоят, ба обурӯи Тоҷикистон таъсири хеле бад хоҳанд дошт”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.