Тоҷикистону Покистон дар масъалаи гумрук созишнома ба имзо расонданд

Тоҷикистон ва Покистон созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди ҳамкорӣ ва дастгирии тарафҳо дар соҳаи гумрукро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, сардори ин хадамот Хуршед Каримзода ҳафтаи гузашта бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот анҷом додааст.

Зимни ин мулоқот Хуршед Каримзода гуфтааст, ки “Муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи гумрук дар доираи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат барқарор карда шудаанд”.

Дар идома Каримзода таъкид доштааст, ки Хадамоти гумрук барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.

Ҳамчунин дар ин мулоқот сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва сафир Имрон Ҳайдар байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бораи ҳамкорӣ ва дастгирии тарафҳо дар соҳаи гумрук созишнома ба имзо расониданд.

Ин созишнома барои сохторҳои гумрукии ду кишвар барои мубодилаи иттилоот барои пешгирии қонуншикании гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии мол, маводи мухаддир ва ғайра шароит фароҳам меорад.

Созишномаи номбурда моҳи майи соли 2020 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуда буд, аммо бинобар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, имзои он ба таъхир гузошта шуд.

Созишномаи имзошудаи тарафҳо аввалин санади ҳуқуқӣ ва меъёрӣ дар соҳаи гумрук барои дастгирии ҳарду тараф байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи гумрук мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Равнақи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Эътимоди сармоягузорон ё таваккали онҳо?

Чанд соли охир Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ...

Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев...

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз...

800 000 шиносномаи русии тоҷикон ва тарси мақомоти Русия 

Масъалаи шаҳрвандигирӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон...