800 000 шиносномаи русии тоҷикон ва тарси мақомоти Русия 

Масъалаи шаҳрвандигирӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии мубоҳисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ин мавзӯъ на танҳо ба ҳаёти миллионҳо оила дар Тоҷикистон, балки ба сохтори демографӣ ва бозори меҳнати Русия низ таъсири мустақим мерасонад.

Омори даҳсола: 800 ҳазор шаҳрванди нав

Бино ба маълумоти расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми 10 соли охир тақрибан 800 ҳазор шаҳрванди кишвар соҳиби паспорти Русия шудаанд. Ҳадди ақал дар даҳсолаи ахир шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумори дарёфткунандагони шаҳрвандии РФ дар мавқеъи аввал қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дарёфти шаҳрвандии кишвари дувум интихоби шахсии шаҳрвандон буда, бештар барои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, таҳсил ва шароити беҳтари корӣ дар қаламрави РФ нигаронида шудааст.

Барои мисол Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш дар чанд рӯзи қабл гуфт мақомот ин равандро таҳдид ба ҳуввити миллӣ намедонанд. “Мо итминон дорем, ки бо вуҷуди қабули шаҳрвандии кишвари дигар, ҳар тоҷик тоҷик хоҳад монд” – гуфт ӯ. 

800 ҳазор ин шумори танҳо онҳоест, ки шаҳрвнадии Русияро дарёфт кардаанд. Дар ин муддат, тибқи тахмини коршиносон дар Русия хонаводаҳои тоҷик садҳо ҳазор кӯдаки дигар таваллуд кардаанд, ки ба ин шумор ворид намешавад. Ва зоҳиран ин раванд ва ин шумора мақомоти Русияро нороҳат кардааст.

Ташдиди назорат ва фишор барои ҷалби муҳоҷирон ба комиссариатҳо

Ҳамзамон, дар Думаи давлатии Русия мубоҳисаҳо атрофи ташдиди назорати мигратсионӣ ба марҳилаи нав қадам гузоштанд. Дар ин замина, силсилаи қонунҳои нав ба тасвиб расиданд, ки шароити нигоҳ доштани шаҳрвандиро ба таври назаррас сахттар мекунанд. Ҳоло дигар имкони ин ки як муҳоҷир метавонад барои гузаштан аз чароғаки сурх ё напардохтани андози кӯчаке ихроҷ шавад, бисёр зиёд аст.

Яке аз тағйироти асосӣ ва калидӣ ба ҳатмӣ будани баҳисобгирии ҳарбӣ дахл дорад. Мувофиқи қонунгузории нав, шаҳрвандони собиқи хориҷӣ, ки паспорти Русияро ба даст меоранд, вазифадоранд дар муҳлати муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ (военкомат) муроҷиат намоянд. Саркашӣ ё наомадан ба баҳисобгирии ҳарбӣ акнун асоси мустақим барои бекор кардани қарор дар бораи додани шаҳрвандӣ ва мусодираи шиноснома мегардад.

Амалиёти пайваста ва хавфи истирдоди оилаҳо

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия (МВД, Кумитаи тафтишотӣ ва ФСБ) пайваста алайҳи шахсоне, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ айбдор мешаванд ё аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, рейду амалиётҳои махсус мегузаронанд.

Садҳо ҳолате ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандии гирифташуда бекор карда шуда, шахсони қоидавайронкунанда аз кишвар хориҷ (депортатсия) карда мешаванд.

Таҷрибаҳои додгоҳӣ чанд соли охир дар Русия нишон медиҳанд, ки дар сурати содир кардани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ аз ҷониби як аъзои оила, хавфи депортатсия ва бекор кардани ҳуҷҷатҳои истиқомат барои аъзои дигари оила низ ба миён меояд.

Шурӯъ аз соли 2025 роҳандозии «режими махсуси хориҷкунӣ» ва феҳристи ягонаи шахсони таҳти назорат имконияти будубоши ғайриқонунӣ, кушодани ҳисобҳои бонкӣ, харидани амвол ва пешбурди кори соҳибкориро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ комилан маҳдуд намуд.

Созишномаҳои нав дар бораи ташкили “интихоби созмондодашуда (оргнабор) ва гузаштани санҷишҳои тиббиву дактилоскопия бевосита дар шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки муносибатҳо ба марҳилаи нави назорати пӯшида гузаштаанд. Аз як тараф, имкони кор ва соҳиб шудан ба ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст, аммо аз тарафи дигар, талабот ба риояи пӯрраи қонунҳо ва иҷрои масъулиятҳо нисбат ба гузашта афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.